Алгоритмҳои асосӣ ва ёрирасон
Алгоритмҳоро ба алгоритмҳои асосӣ ва ёрирасон ҷудо карда, ҳангоми сохтани алгоритмҳои нав аз ҷузъҳои алгоритмҳои қаблан тартибдодашуда истифода мебаранд. Барои ин алгоритмҳои қаблӣ дар ҷойи махсуси хотираи компютер — махзани алгоритмҳо гирд оварда мешаванд.
Мисоли 1. Калимаи «ЧОР»
Барои сохтани алгоритми калимаи «ЧОР» аввал барои ҳар як ҳарфи он ва фосилаи байни ҳарфҳояш алгоритмҳои алоҳида тартиб дода (ҷадвали 1), баъд онҳоро дар як алгоритм (асосӣ) муттаҳид месозем. Алгоритмҳои 1, 3, 4 мувофиқан барои сохтани ҳарфҳои Ч, О, Р ва алгоритми 2 барои сохтани фосилаи байни ҳарфҳои ин калима пешбинӣ шудаанд.
Ҷадвали 1
Агар ҳамаи алгоритмҳои дар ҷадвали 1 овардашударо ба сифати алгоритмҳои ёрирасон қабул кунем, он гоҳ алгоритми асосии сохтани калимаи «ЧОР» намуди зеринро мегирад:
Албатта, мо метавонистем алгоритмҳои ёрирасони 1, 2, 3, 4-ро пешакӣ тартиб надода, онҳоро якбора дар таркиби як алгоритм созем. Лекин дар ин ҳолат алгоритми 2-ро ду маротиба навиштан лозим меомад.