Алгоритмҳои хаттӣ
Алгоритмҳо тибқи сохтор ба се гурӯҳ тақсим мешаванд: хаттӣ, шоханок ва такроршаванда.
Алгоритми дар мавзуи қаблӣ омӯхтаамон (гузаронидани хатти миёнаи секунҷа) аз дастурҳои содаи забони алгоритмӣ иборат буд. Ин гуна алгоритмҳоро маъмулан алгоритмҳои хаттӣ мегӯянд.
Дастурҳои алгоритмҳои хаттиро дар намудҳои гуногун (матнӣ, формулавӣ, графикӣ ва ғайра) пешниҳод кардан мумкин аст. Муҳим он аст, ки дар алгоритмҳои хаттӣ дастурҳо (амалҳо) аз рӯйи тартиби додашуда иҷро шаванд.
Масалан, сатри ба пеш (4); ба рост (90) ду дастур дорад.
Дастурҳои матнӣ
Барои ба ҳалли дурусти масъала расидан ба тартиби дастурҳо диққати ҷиддӣ диҳед. Албатта, баъзан тартиби иҷрои дастурҳо аҳамият надорад. Масалан, барои 10 дона қаламро яктогӣ дар қуттӣ ҷойгир кардан аз қалами дилхоҳ сар кардан мумкин аст.
Лекин ҳалли аксари масъалаҳо талаб мекунад, ки дастурҳо маҳз аз рӯйи тартиби муайян иҷро карда шаванд. Дар ҳолати баръакс, натиҷаи дурустро ба даст овардан номумкин аст.
Мисоли 1. Алгоритми қуфл кардани дари хона.
Тавре дида мешавад, дар алгоритми мазкур се дастури матнӣ (се амр) пай дар пай омадаанд. Агар иҷрокунанда ин дастурҳоро аз рӯйи тартиби овардашуда иҷро намояд, он гоҳ ба натиҷаи дуруст соҳиб мешавад. Дар ҳолати иваз намудани тартиби иҷрои онҳо, дар қуфл нахоҳад шуд. Масалан, агар ҷойи дастурҳои якум ва сеюмро иваз намоем, он гоҳ мо дарро қуфл карда наметавонем.
Ҳамин алгоритмро бо шаклҳои блок-нақша (дарси 23) низ тасвир кардан мумкин аст. Блок-нақшаи алгоритми хаттӣ як роҳи рост аст: аз «Ибтидо» то «Интиҳо» ҳар блок танҳо як маротиба ва бо тартиб иҷро мешавад.
Дастурҳои графикӣ
Дар амалия масъалаҳое вомехӯранд, ки дар натиҷаи ҳалли онҳо нақшаҳо, графикҳо, диаграммаҳо ва дигар тасвирҳо, яъне объектҳои графикӣ ҳосил мешаванд. Барои сохтани чунин объектҳо бо дастурҳо нишон медиҳем, ки ҷузъҳои онҳо (нуқта, порча, давра, росткунҷа ва дигар шаклҳои геометрӣ) бо кадом тартиб кашида шаванд.
Ин алгоритмҳоро иҷрокунанда бо ёрии дастурҳои графикӣ иҷро мекунад. Иҷрокунандаеро тасаввур кунед, ки дар ҳамворӣ ҳаракат карда, дар рӯйи он расм мекашад. Мо онро иҷрокунандаи расмкаш меномем.
Мисоли 2. Алгоритми кашидани расми мураббаъ (квадрат).
Иҷрокунанда аввал дар ибтидои координата қарор дорад ва равишаш бо равиши тири OY мувофиқ аст. Ба воситаи дастури ба пеш (4) иҷрокунанда порчаи дарозиаш ба 4 воҳид баробарро мекашад. Дастури ба рост (90) равиши расмкашии иҷрокунандаро ба 90° ба тарафи рост тоб медиҳад. Ин амалҳо дар қадамҳои (3–7)-уми алгоритм такрор меёбанд. Дар натиҷа, расми дар боло овардашуда ҳосил мешавад.
Алгоритми «Мураббаъ»-ро қадам ба қадам иҷро кунед. Пас аз ҳар дастур бинед, ки иҷрокунанда дар куҷост ва ба кадом тараф нигоҳ мекунад.