Бузургиҳои ададии ҷадвалӣ
Ҳангоми ҳалли масъалаҳо аз ҷадвалҳои гуногун истифода мебаранд. Аксари ҷадвалҳо намуди хаттӣ ё росткунҷавӣ доранд. Қимати бузургиҳое, ки ҷузъи ҷадвали хаттианд, дар як сатр ё як сутун навишта мешаванд. Ба ҳар як ҷузъи ҷадвал мувофиқан рақами тартибии он рост меояд.
Мисоли 1. Натиҷаи ченкунии ҳарорати ҳарсоатаи ҳаво дар як шабонарӯз дар ҷадвали 1 оварда шудааст.
Ин ҷадвал ҷадвали хаттӣ буда, дорои 24 ҷузъ аст. Ба онҳо аз 0 то 23 рақамгузорӣ карда шудааст. Масалан, ҷузъи рақамаш 2 дорои қимати 15,5 буда, ҷузъи рақамаш 0 (ҷузъи сифрӣ) дорои қимати 17 аст.
Ҷадвали 2 ҳарорати миёнаи рӯзҳои ҳафтаро дар бар гирифтааст.
Аз намуди ин ҷадвалҳо пайдост, ки барои онҳо нигоҳ доштани сатри рақамҳои тартибӣ зарур нест. Ибтидои рақамгузориро дониста, рақами ҷузъи дилхоҳро ёфтан мумкин аст. Вале донистани рақами тартибии калонтарини ҷадвал муҳим аст: он имкон медиҳад, ки андозаи ҷадвал пешакӣ муайян карда шавад.
Мисоли 2. Бигузор ҳосили зарби ададҳои бутун (аз 1 то 9) намуди ҷадвали 3-ро дошта бошад. Ин ҷадвалро дар алгоритм чунин тасвир мекунанд:
Дар ин ҷо «Ҳосили зарб» номи ҷадвал буда, дар қавсҳои квадратӣ андозаи он (9·9 = 81) оварда шудааст.
Дар ҷадвали хаттӣ як индекс кифоя аст, дар ҷадвали росткунҷавӣ ду индекс лозим аст: рақами сатр ва рақами сутун. Масалан, Ҳосили зарб[7, 8] = 7·8 = 56.
Мисоли 3. Алгоритми ҳисобкунии суммаи (S — ҳосили ҷамъи) 1000 ҷузъи аз ададҳои ҳақиқӣ иборатбудаи ҷадвали номаш a-ро месозем. Миқдори ададҳои ҷамъкардашударо бо ёрии тағйирёбандаи бутуни мобайнии i ишорат менамоем.
Ба сифати индекс истифода бурдани тағйирёбандаи i имкон медиҳад, ки суммаи ҳамаи ҷузъҳои ҷадвалро бо ёрии як дастури такроршавандаи бахшиши S:=S+a[i] ҳисоб кунем.
Мисоли 4. Дар асоси ҷадвали 3 (мисоли 2) алгоритми пуркунии ҷадвали зарбро тартиб медиҳем.
Дар алгоритми мазкур ду дастури такроршаванда истифода шудааст, ки яке аз онҳо дар дохили дигараш ҷойгир аст. Сикли беруна вобаста ба қиматҳои тағйирёбандаи i ва иҷрои шарти i≤9, сикли дохилӣ вобаста ба қиматҳои тағйирёбандаи j ва иҷрои шарти j≤9 такрор ба такрор дастурҳои ба худ тааллуқдоштаро иҷро менамоянд.
Барои ҳар як қимати навбатии тағйирёбандаи i тағйирёбандаи j ҳамаи қиматҳои имконпазири худро аз 1 то 9 қабул менамояд. Ҳангоми i = 1 будан ва j аз 1 то 9 тағйир ёфтан, дастури бахшиши Ҳосили зарб[i, j]:=i·j нуҳ маротиба иҷро шуда, сатри якуми ҷадвали Ҳосили зарб пур мешавад. Сатри дуюми ҷадвал барои қимати i = 2 ва қиматҳои j аз 1 то 9 пур карда мешавад. Ва бо ҳамин усул иҷрокунанда ин равандро идома дода, ҳамаи катакҳои ҷадвали Ҳосили зарбро пур мекунад.
Пуркунии ҷадвалро қадам ба қадам бинед. Сатри 0 ва сутуни 0-и ҷадвали поён танҳо рақамҳои зарбкунанда ва зарбшавандаро нишон медиҳанд: