Бузургиҳои доимӣ
Дар забони алгоритмӣ ду намуди бузургиҳо (доимӣ ва тағйирёбанда) истифода мешаванд. Қимате, ки бузургӣ дар ягон лаҳзаи вақти иҷрои алгоритм соҳиби он аст, қимати ҷории бузургӣ ном дорад.
Масалан, адади π (пи ≈ 3,14) ва қимати g — суръати озодафтии ҷисм (≈ 9,8 м/с²) бузургиҳои доимианд.
Доимиҳоро дар навбати худ ба доимиҳои ададӣ, матнӣ (литерӣ) ва ҷадвалӣ тақсим мекунанд.
Доимиҳои ададии забони алгоритмӣ аз доимиҳои ададии муқаррарӣ ягон фарқе надоранд. Масалан, бузургиҳои 3; -56; 89.234; 333 ва ғайра доимиҳои ададианд.
Агар бузургӣ қимати матниро қабул карда бошад, он гоҳ онро бузургии литерӣ мегӯянд. Қимати доимиҳои литерӣ дар дохили нохунакҳо гирифта мешаванд. Масалан, «ҳал надорад», «муайян нест», «ду», «Душанбе шаҳри дилоро», «125+47=172» ва ҳоказо доимиҳои литерианд.
Бузургиҳои тағйирёбанда
Ба воситаи ном дар хотираи компютер ҷойи нигоҳдории (суроғаи) қимати тағйирёбанда муайян карда мешавад. Қимати тағйирёбанда метавонад бузургиҳои намудашон гуногун бошад: ададҳои бутун ё ҳақиқӣ, пайдарпайии рамзҳо, қиматҳои мантиқӣ ва ғайра.
Тағйирёбандаҳоро низ ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд: ададӣ, матнӣ ва ҷадвалӣ. Намуди тағйирёбанда ба воситаи намуди қимати маълумоти додашудааш муайян карда мешавад. Қимати тағйирёбандаи ададӣ адад буда, қимати тағйирёбандаи матнӣ пайдарпайии рамзҳо мебошад. Дар забони алгоритмӣ намуди тағйирёбандаҳо ба воситаи калимаҳои калидии натур (натуралӣ), бут (бутун), ҳақ (ҳақиқӣ), лит (литерӣ) ва ғайра муайян карда мешаванд.
Бо доимиҳо ва тағйирёбандаҳо амалҳои гуногунро иҷро кардан мумкин аст. Масалан, бо бузургиҳои ададӣ амалҳои арифметикӣ ва бо матнӣ амалҳои табдилдиҳии сатрҳои матниро иҷро менамоянд. Тағйирёбандаҳои ҷадвалиро ҳангоми кор бо маълумоти намуди ҷадвалӣ истифода мебаранд. Мавқеи ҷойгиршавии чунин тағйирёбандаҳоро дар ҷадвал ба воситаи индексҳояшон муайян мекунанд (дарси 30).
Дар забонҳои барномасозӣ барои тасвири намуди тағйирёбандаҳо рамзҳои махсусро истифода мебаранд. Масалан, дар забони барномасозии Бейсик рамзи % (аломати фоиз) барои тасвири ададҳои бутун ва рамзи $ (аломати доллар) барои тасвири маълумоти матнӣ (литерӣ) истифода бурда мешавад. Гарчанде дар баъзе забонҳо нишон додани намуди бузургиҳо шарт набошад ҳам, вале дар аксари онҳо нишон додани намуди онҳо талаб карда мешавад.
Намуди бузургиҳои нисбатан паҳнгардида инҳоянд:
- Бутун – Забони алгоритмӣ: бут · Паскал: Integer · Си: Int
- Ҳақиқӣ – Забони алгоритмӣ: ҳақ · Паскал: Real · Си: Float
- Матнӣ – Забони алгоритмӣ: лит · Паскал: String · Си: Char[ ]