Дастурҳои таркибӣ
Акнун бо дастурҳои таркибии забони алгоритмӣ шинос мешавем. Дастурҳои таркибӣ ду хел мешаванд: шоханок ва такроршаванда (даврӣ, сиклӣ).
Дар алгоритмҳое, ки дастурҳои таркибӣ истифода мешаванд, амалҳо вобаста ба риоя шудани ягон шарти додашуда иҷро мегарданд. Аз ин ҷо бармеояд, ки муҳимтарин хосияти ин гуна дастурҳо дар таркиби онҳо мавҷуд будани ягон шарт аст.
Дастури шоханок
Калимаҳои ёрирасони агар, он гоҳ, вагарна ва итмом, ки дар дастури шоханок истифода шудаанд, маънои муқаррарии забони гуфтугӯйиро доранд. Шарти додашуда ҳамеша пас аз калимаи ёрирасони агар меояд. Ин калима ибтидои дастури шоханок ва калимаи ёрирасони итмом интиҳои онро ифода мекунанд.
Калимаи итмом-ро дар рости (зери) калимаи агар меоранд ва онҳоро бо хатти амудӣ пайваст менамоянд. Дар байни калимаҳои ёрирасони он гоҳ ва вагарна як сатр ё пайдарпайии сатрҳо навишта мешаванд, ки онҳо аз дастурҳои забони алгоритмӣ (силсилаи 1) иборатанд. Дар байни калимаҳои ёрирасони вагарна ва итмом бошад, дигар пайдарпайии дастурҳо (силсилаи 2) навишта мешавад.
Блок-нақшаи тарзи иҷрои дастури шартӣ чунин аст:
Мисоли 1. Кӯчабароӣ вобаста ба вазъи ҳаво
Алгоритми масъалаи «Кӯчабароӣ, вобаста ба вазъи ҳаво»-ро дар шакли блок-нақша ва забони алгоритмӣ тартиб медиҳем.
Дар алгоритм шарт ҳамчун ҷумла навишта шудааст («борон бошад»), дар блок-нақша — ҳамчун савол («Борон ҳаст?»). Маънояшон як аст.
Мисоли 2. Тарзи аз чорроҳа гузаштан
Алгоритми масъалаи «Тарзи аз чорроҳа гузаштан»-ро месозем.
Ҳар ду алгоритмро барои ҳамаи вазъиятҳо иҷро кунед: вазъиятро интихоб кунед ва «Иҷро»-ро пахш кунед. Бинед, ки кадом роҳ сабз мешавад ва кадом сатри алгоритм иҷро мегардад.