Таъминоти барномавии компютер
Компютер танҳо дар заминаи барномаҳо ягон амалро иҷро мекунад. Барномаҳо дар хотираи компютер ҷойгир карда мешаванд. Агар як барномаро бо барномаи дигар иваз кунем, компютер масъалаи тамоман дигарро ҳал мекунад. Аз ҳамин сабаб компютер дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон кор фармуда мешавад.
Компютер барномаро ба тариқи зайл (тибқи алгоритм) иҷро мекунад: аввал, протсессори он барномаро аз хотираи беруна (масалан, винчестер) ба хотираи фаврӣ ҷеғ мезанад. Пас аз он, дастурҳои барномаро пай дар пай мехонад ва бо маълумоте, ки барои иҷрои ин дастурҳо лозиманд, амалҳои заруриро иҷро мекунад. Ниҳоят, натиҷаҳои ҳосилшударо аз хотираи фаврӣ аз нав ба хотираи беруна таҳвил медиҳад.
Маҷмуи барномаҳои дар хотираи компютер маҳфуз таъминоти барномавии онро ташкил медиҳад. Доираи татбиқи компютер ҳам маҳз аз рӯйи ҳамин таъминот муайян карда мешавад. Таъминоти барномавии компютерҳои муосир ҳазорҳо барномаро дар бар мегирад: бозиҳои компютерӣ, барномаҳои коркарди матн, ҷадвалҳои электронӣ, махзани маълумот, барномаҳои хидматӣ ва ғайра.
Забонҳои барномасозӣ
Барои ба воситаи компютер иҷро кардани алгоритмҳо забонҳои махсуси алгоритмӣ эҷод шудаанд. Чунин забонҳо хеле зиёданд. Онҳоро одатан забонҳои барномасозӣ мегӯянд.
Яке аз чунин забонҳо Фортран (Fortran: Formula Translator – тарҷумони формулаҳо) ном дошт, ки дар охири солҳои 50-уми асри XX таҳия шуда буд. Забони дигаре, ки дар пешрафти илми информатика ва пайдоиши дигар забонҳои барномарезӣ таъсири калон расонидааст, Алгол-60 (Algol: Algorithmic Language – забони алгоритмӣ) ном дошт, ки солҳои 60-уми асри гузашта эҷод шуда буд.
| Забон | Маънои ном | Кай эҷод шуд |
|---|---|---|
| Фортран (Fortran) | Formula Translator – тарҷумони формулаҳо | охири солҳои 50-уми асри XX |
| Алгол-60 (Algol) | Algorithmic Language – забони алгоритмӣ |