Мафҳуми алгоритм
Мо ҳар рӯз корҳои зиёдеро иҷро мекунем, вале на ҳамеша дар бораи тарзи иҷрои онҳо фикр мекунем. Дар асл, ҳар як кор мувофиқи пайдарпайии амалҳои мушаххас иҷро мегардад.
Масалан, барои кушодани дари хона мо аввал дастаки онро медорем, баъд ба самти кушодашавӣ фишор медиҳем. Дар ин ҳолат ду амал иҷро карда мешавад: доштан ва фишор додан. Мо ин корро ҳар рӯз ба таври худкор (автоматӣ), бе ягон андешаронӣ иҷро мекунем.
Кушодани дари хона кори нисбатан сода аст, чунки амалҳояш каманд. Аммо зиндагӣ гоҳҳо вазифаҳои душвор ва мураккабро низ пеш мегузорад. Барои бехато иҷро кардани чунин корҳо мо бояд тибқи пайдарпайии нишондодҳои дақиқ амал кунем.
Ҳар як масъала роҳи ҳалли худро дорад. Пешакӣ бояд пайдарпайии амалҳоеро муайян кунем, ки ба ҳалли масъала оварда мерасонанд. Ана ҳамин гуна тарзи иҷрои пайдарпайии амалҳоро, ки ба ҳалли ин ё он масъала оварда мерасонад, алгоритм ва раванди сохтани онро алгоритмсозӣ мегӯянд.
Дар илмҳои математика ва информатика мафҳуми алгоритм яке аз мафҳумҳои бунёдӣ ба шумор меравад. Ҳатто қисми махсуси математика — назарияи алгоритмҳо — ба омӯзиш ва таҳқиқи алгоритмҳо бахшида шудааст.
Мафҳуми алгоритм хусусан ҳангоми бо ёрии компютер ҳал кардани масъалаҳо васеъ истифода мешавад. Дар ин маврид алгоритм ҳамчун раванди пай дар пай ба натиҷаи зарурӣ табдил додани маълумоти ибтидоӣ маънидод карда мешавад. Вале ба мафҳуми алгоритм ба мисли баъзе мафҳумҳои бунёдии дигар (масалан, мафҳумҳои адад, маҷмуъ ва ғайра) таърифи қатъӣ додан имконнопазир аст. Онро танҳо маънидод кардан мумкин аст.
Иҷрокунандаи алгоритм ва системаи дастурҳои он
Ҳар як алгоритм мувофиқи дараҷаи душвории худ ба ягон иҷрокунандаи мушаххас равона карда мешавад. Масалан, ҳалли муодилаи квадратиро аз хонандаи синфи панҷум интизор шудан мумкин нест.
Мо дар иҳотаи васоити гуногуни техникӣ зиндагӣ мекунем: телевизор, дастгоҳи аккосӣ, нақлиёт, мошини ҷомашӯйӣ, радио, магнитофон, компютер, робот ва ғайра. Онҳо меҳнати фикрӣ ва ҷисмонии моро осон кардаанд. Азбаски ҳар як таҷҳизот қоидаҳои махсуси истифода дорад, ҳар кадоми онҳоро иҷрокунанда номидан мумкин аст.
Иҷрокунанда на танҳо васоити техникӣ, балки шахси алоҳида, гурӯҳи одамон, ҳайвонҳо, парандагон низ шуда метавонанд. Масалан, парандаи ромшуда, ки амрҳои соҳибашро бехато иҷро мекунад ё духтарчае, ки бо хоҳиши модараш зарфҳоро мешӯяд, иҷрокунанда мебошанд.
Ҳар як иҷрокунанда барои анҷом додани кор бояд пайдарпайии охирноки амалиётро расман иҷро намояд. Агар иҷрокунанда воситаи техникӣ бошад, нишондодҳои алгоритм бояд қатъӣ бошанд, яъне ҳар як амал бояд танҳо бо як тарз иҷро карда шавад. Компютер ҳам дар асоси ҳамин гуна нишондодҳои қатъӣ кор мекунад. Дар ин маврид ба ҷойи калимаи «нишондод» бештар калимаи дастур-ро истифода мебаранд.
Иҷрокунандагони алгоритмҳо ба мисли худи алгоритмҳо гуногунанд. Ҳар кадоми онҳо вобаста ба имконот ва корҳояш маҷмуи амалиёти хоси худро дорад.