Донистани тарзи нигоҳ доштани иттилоот дар таҷҳизоти электронӣ барои навомӯзон яке аз масъалаҳои муҳимтарин аст. Дар ин дарс мефаҳмем, ки маълумоти хусусии истифодабарандагон, барномаҳо ва дигар иттилоот дар кадом қисми компютер ва дар кадом шакл нигоҳ дошта мешавад.
Дискҳо
Тамоми иттилооти истифодабарандаи компютери фардӣ, аз ҷумла системаи амалиётӣ, барномаҳои татбиқӣ, хидматӣ, забонҳои барномасозӣ, бозиҳои компютерӣ, санадҳои хусусӣ ва дигар навъи маълумот дар барандагони махсуси иттилоот нигоҳ дошта мешаванд, ки онҳо диск ном доранд. Дар дохили блоки системавии компютер диски сахти магнитӣ (винчестер) ҷойгир шудааст, ки маҳз дар он қисми зиёди иттилооти истифодабаранда нигаҳдорӣ мешавад.
Як қисми иттилооти истифодабарандаро дар барандагони берунаи гуногун нигоҳ доштан мумкин аст: дискҳои магнитии чандир, дискҳои нурӣ (оптикӣ – CD, DVD, Blu-Ray), кортҳои хотира (дар таҷҳизоти рақамӣ, ба мисли дастгоҳи аккосӣ ва плеер), флэшкортҳо ва ғайра. Ҳамаи ин барандагон барои нигаҳдории дуру дарози иттилоот пешбинӣ шудаанд.
Тарзи кор бо ҳамаи ин барандагон амалан якхела аст.
| Ном | Барандаи иттилоот |
|---|---|
| A:, B: | дискҳои магнитии чандир |
| C: (D: ва ғайра) | дискҳои сахт – онҳо якчандто шуда метавонанд |
| баъд аз онҳо | дискҳои нурӣ (аз рӯйи алифбо) |
| дар охир | дискҳои шабакавӣ ва флэшкортҳо |
Ғунҷоиши барандагон
Тавре аз Дарси 2 медонем, иттилооте, ки дар компютер нигоҳ дошта мешавад, бо байтҳо чен карда мешавад. Як байт аз 8 бит иборат аст. Бит воҳиди ченаки хурдтарини иттилоот ба ҳисоб меравад. Барномаҳои муосир ва маълумоти истифодабарандагон даҳҳо ва ҳатто садҳо ҳазор байт доранд. Аз ин рӯ иттилоотро бо воҳидҳои калонтар – – чен мекунанд.