Равзанаи мизи корӣ
Мизи корӣ аз ду қисми асосӣ – майдони корӣ (working field – рабочее поле) ва лавҳаи масъалаҳо (taskbar – панель задач) иборат аст.
Майдони корӣ
Дар майдони корӣ чун одат нишонаҳо (icons – значки) ва тамғаҳои нишонаҳои (ярликҳои) объектҳои системавӣ, ҷузъҳои идоракунии системаи амалиётӣ ва ҷузвдону парвандаҳои шахсии корбари компютер ҷой дода мешаванд. Тавассути нишонаву тамғаҳои нишонаҳо объекти заруриро фавран идора ё дастрас кардан (кушодан) мумкин аст.
Лавҳаи масъалаҳо
Лавҳаи масъалаҳои мизи корӣ сатри тасмашакл буда, дар поёни майдони корӣ ҷойгир шудааст. Лавҳаи масъалаҳои мизи кории системаи амалиётии Windows механизми амалигардони чандмасъалаӣ буда, раванди аз як замима ба замимаи дигари СА гузаштанро метезонад.
Дар он тугмаи системавии «Оғози кори Windows» ва баъзе нишонаҳои системавию шахсӣ ҷой дода мешаванд. Ҳар кадоми ин нишонаҳо ягон объектро ифода мекунад; онро бо пахш кардан ба кор даровардан мумкин аст. Нишонаҳои мобайнии лавҳаи масъалаҳо ифодагари объектҳо ва санадҳоеанд, ки айни ҳол онҳо фаъол (кушода, дар ҳолати корӣ) мебошанд. Мизи кории СА Linux низ тақрибан ҳамин гуна намуд ва имконот дорад.
Мизи корӣ тавре сохта шудааст, ки барои навомӯз бисёр созгор аст. Корбари пуртаҷриба метавонад мизи кориро мувофиқи реҷаи кор ва табъи худ ба танзим орад: тасвири заминаро иваз кунад, нишонаҳоро ҷобаҷо кунад.
Нишона ва тамғаи нишона
Мизи кории СА MS Windows имрӯз назар ба вариантҳои пешинаи худ хеле такмил ёфта, тамоми имконоти онҳоро нигоҳ доштааст. Дар он ҳамаи амалҳои якхела бо тарзи ягона иҷро карда мешаванд. Бо ёрии мизи корӣ якбора бо якчанд барнома кор кардан мумкин аст. Илова бар ин, иттилооти як барномаро барномаҳои дигар ба осонӣ истифода бурда метавонанд.
Нишонаҳои системавии мизи корӣ
Дар мизи корӣ, одатан, нишонаҳо ва тамғаҳои системавии объектҳои зерин ҷой дода мешаванд, ки онҳо бо пахши дукаратаи муш ба кор омода мегарданд: