Менюи «Оғоз» чист
Бо ёрии менюи «Оғоз»:
- ҳар гуна санади компютериро, ки дар дилхоҳ ҷузвдони «винчестер» нигоҳ дошта шудааст, кушодан мумкин аст;
- худи системаи амалиётиро ба танзим овардан мумкин аст;
- доир ба СА маълумот ё ёрӣ гирифтан мумкин аст;
- дар компютер парвандаҳои заруриро ҷустуҷӯ кардан мумкин аст.
Дастрасӣ ба менюи асосии системаи амалиётии Microsoft Windows тавассути лавҳаи масъалаҳои мизи кории он амалӣ гардонида мешавад. Барои ин кофист, ки дар қисми чапи лавҳаи масъалаҳо тугмаи системавии «Оғози кори Windows» пахш карда шавад. Чунин тарзи кушодани менюи асосӣ дар дигар вариантҳои СА Windows низ айнан ҳамин тавр иҷро карда мешавад.
Ду лавҳаи менюи «Оғоз»
Бо пахши тугмаи «Оғози кори Windows» менюи асосии СА дар шакли ду лавҳаи мустақил кушода мешавад:
- лавҳаи чап – рӯйхати барномаҳое, ки шумо вақтҳои охир бо онҳо кор кардаед. Барои аз нав кушодани ин барномаҳо мушнаморо ба болои номашон гузоред ва тугмаи чапи мушро пахш кунед;
- лавҳаи рост – номгӯйи муҳимтарин абзор ва имконоти танзимкунандаи кори компютер. Онҳо дастрасии фавриро ба баъзе функсияҳои системаи амалиётӣ таъмин менамоянд.
Банди «Ҳамаи барномаҳо»
Банди Ҳамаи барномаҳо (Все программы) барои пешдиди кулли барномаҳои дар дискҳои компютер насбгардида хизмат мерасонад. Бо пахши ин банд дар лавҳаи чап, ба ҷойи барномаҳои охирин, номгӯйи тамоми барномаҳо ва ҷузвдонҳо пайдо мешавад. Барои кушодани барнома номашро пахш кардан лозим аст.
Аксар барномаҳои менюи «Оғоз» (офисӣ, хидматӣ, замимавӣ, бойгонисозӣ, зиддивирусӣ, стандартӣ ва ғайра) дар ҷузвдонҳо муттаҳид гардонида шудаанд.
Майдончаи ҷустуҷӯ
Майдончаи ҷустуҷӯйи системавӣ (Найти программы и файлы) дар қисми аз ҳама поёнии лавҳаи чапи менюи асосӣ ҷойгир шудааст. Бо он барнома ё парвандаеро меёбанд, ки дар хотираи компютер маҳфуз аст.
Бандҳои лавҳаи рост
Номгӯйи бандҳои лавҳаи рости менюи «Оғоз» барои иҷрои амалиёти зерин пешбинӣ шудааст:
| Банд | Вазифа |
|---|---|
| Admin2021 | кушодани ҷузвдони хусусӣ (фардӣ) |