Вазифаҳои ҷузвдони «Сабад»
Ҷузвдони системавии «Сабад»-и мизи кории системаи амалиётии MS Windows мисли сабади (сатили) партовҳои воқеӣ мебошад. Мо сабади партовҳоро дар ҳама ҷо – хона, мактаб, кӯча, ҷойи кори волидон ва ғайра дида метавонем. Маъмулан, одамон сабади партовҳоро зери мизи кории худ гузошта, ба он ҳама гуна коғазу ашёи нолозимро мепартоянд. Бо ҳамин тарз одамон мизи кории худро аз ҳар гуна ашёи нолозим тоза нигоҳ медоранд. Аммо ашёҳои ба сабад партофташуда то ягон муддат (масалан, то рӯбучини ҳуҷра ё холӣ кардани сабад) дар он боқӣ мемонанд. Дар ин фурсат агар ашёи зарурие тасодуфан ба сабад партофта шуда бошад, онро бозгардон кардан ҳанӯз имконпазир аст.
Яъне, сабади партовҳои зери мизи корӣ нақши буфери фосилавиро мебозад, ки барои муваққат нигоҳ доштани ашёи нолозими мизи корӣ, бо имкони бозгардон (то вақти дар сабад будан), пешбинӣ шудааст. Вазифаи ҷузвдони системавии «Сабад»-и мизи кории компютер низ тақрибан аз ҳамин амалҳо иборат аст.
Сохти ҷузвдони «Сабад»
Аз нуқтаи назари техникӣ «Сабад» ҷузвдони махсусеро мемонад, ки дар ҷузвдони решавии диски додашуда аз тарафи СА Windows сохта мешавад ва ба он «барчасби» системавӣ дода мешавад. Ҳар як диски сахти (мантиқии) компютер «Сабад»-и хусусии худро дорад. Вобаста ба варианти системаи амалиётӣ, ҷузвдони «Сабад» номҳои системавии гуногун дошта метавонад: recycled, recycler ё recycle.bin.
Ҳангоми ҳазфи объектҳо, дар асл онҳо аз диски винчестер ҳазф намешаванд, танҳо нишонаҳояшон аз назар пинҳон (нопадид) мегарданд. Нишонаҳои пинҳони диск гӯё ба ҷузвдони «Сабад» ҷойгузин мешаванд. Ин моро ба ду хулоса меорад:
- зимни аз ягон ҷузвдони винчестер ҳазф намудани объект, аслан он дар мавқеи ишғолнамудаи хеш боқӣ монда, ба ҷузвдони «Сабад» танҳо нусхаи нишонаи он интиқол дода мешавад;
- зимни барқарор намудани объекти ҳазфшуда, нусхаи нишонаи он аз ҷузвдони «Сабад» ҳазф гардида, нусхаи асли нишонаи объект дар ҷойи қаблиаш аз нав намоён мешавад.
Пас барои чӣ истифодабаранда объектҳои ҳазфшударо дар ҷузвдонҳои диск дида наметавонад? Барои он ки роҳбалади Windows (Проводник) аз рӯйи пешфарз парвандаҳо ва ҷузвдонҳои системавию пинҳоншударо дар экран нишон намедиҳад.
Барқарор кардани объектҳо аз «Сабад»
Барои дидани дарунмояи ҷузвдони «Сабад» нишонаи онро дар мизи корӣ ду маротиба пахш кардан лозим аст. Дар экран равзанаи он пайдо мешавад. Дар майдони кории равзанаи «Сабад» тамоми объектҳои ҳазфшудаи дискҳои сахти компютер нишон дода мешаванд. Яъне, гарчанде ҳар як диски мантиқӣ «Сабад»-и худро дорад, ҳангоми кушодани «Сабад»-и мизи корӣ объектҳои ҳазфшудаи ҳамаи онҳо маҳз дар ҳамин як равзана пайдо мешаванд.
Қатъан ҳазф кардани объектҳо
Барои қатъан ҳазф кардани ягон объекти «Сабад» банди (Удалить)-и менюи матниро интихоб кардан лозим аст. Дар ин маврид дар экран равзанаи робитавии (Удалить файл) пайдо мешавад ва розигии шуморо мепурсад. Ҳангоми пахши тугмаи амрии ҳазфи қатъӣ иҷро мегардад, ҳангоми – иҷро намегардад.