Объектҳои кории миз
Мизи кории компютер ба экране монанд аст, ки дар он афзорҳо (барномаҳои системавӣ, татбиқӣ, хидматӣ, шабакавӣ ва ғайра) ва санадҳои компютерӣ (матнҳо, ҷадвалҳо, графику расмҳо, мусиқию сурудҳо, видео ва ғайра) доимо инъикос меёбанд.
Объектҳои мизи кориро ҳам дар майдони корӣ ва ҳам дар лавҳаи масъалаҳои миз вохӯрдан мумкин аст. Объектҳои мизи корӣ дар экрани монитор дар шакли нишонаҳо ё тамғаи нишонаҳо инъикос мегарданд. Нишонаҳо ва тамғаи нишонаҳо, вобаста ба барномаҳое, ки онҳоро муаррифӣ мекунанд, метавонанд дар шакл ва рангҳои гуногун намоён бошанд. Миқдор ва тарзи инъикоси онҳоро дар лаҳзаи вақти дилхоҳ тағйир додан мумкин аст. Нишонаҳои лавҳаи масъалаҳо низ муваққатан дар он ҷо гузошта шудаанд: миқдор ва тартиби онҳо ҳам тағйирпазир аст.
Менюи матнии мизи корӣ
Намои зоҳирии мизи корӣ, маҷмуи афзорҳои компютерӣ ва миқдори санадҳои майдони кориву лавҳаи масъалаҳои онро бо тарзҳои гуногун ба танзим овардан мумкин аст. Барои танзими объектҳои майдони кории миз дастурҳои Намо (Вид), Танзим (Сортировка) ва Навсозӣ (Обновить)-и менюи матнии равзанаи мизи корӣ истифода мешаванд.
Банди Намо (Вид)
Банди Намои менюи матнӣ нишонаҳои объектҳои майдони кории мизро дар шаклҳои Нишонаҳои бузург (Крупные значки), Нишонаҳои маъмул (Обычные значки) ва Нишонаҳои хурд (Мелкие значки) дар экран инъикос карда метавонад.
Зербанди Танзими худкори нишонаҳо (Упорядочить значки автоматически) барои ба таври худкор ба тартиб овардани нишонаҳои майдони корӣ пешбинӣ шудааст. Дар мавриди ғайрифаъол будани ин зербанд (мавҷуд набудани аломати ✓ пеш аз номи зербанд), нишонаҳоро бо тарзи дастӣ, ихтиёрӣ, бе ягон низоми муайян дар майдони кории миз ҷобаҷо кардан мумкин аст.
Зербанди Радифбандии турии нишонаҳо (Выровнять значки по сетке) нишонаҳои объектҳои компютериро дар майдони корӣ аз рӯйи низоми ҷадвалӣ ба танзим меорад.
Ва ниҳоят, зербанди Инъикоси нишонаҳои мизи корӣ (Отображать значки рабочего стола) барои намоён ё ноаён гардонидани нишонаҳо дар майдони кории миз пешбинӣ шудааст. Дар мавриди ғайрифаъол будани ин зербанд, нишонаҳои майдони кории миз аз экрани монитори компютер тамоман ноаён (нопадид) мегарданд.
- Нишонаҳои бузург (Крупные значки) – нишонаҳоро калон нишон медиҳад
- Нишонаҳои маъмул (Обычные значки) – нишонаҳоро дар андозаи одӣ нишон медиҳад
- Нишонаҳои хурд (Мелкие значки) – нишонаҳоро хурд нишон медиҳад
- Танзими худкори нишонаҳо (Упорядочить значки автоматически) – нишонаҳоро худкор ба тартиб меорад
- Радифбандии турии нишонаҳо (Выровнять значки по сетке) – нишонаҳоро аз рӯйи низоми ҷадвалӣ ҷойгир мекунад