Ҷузвдони «Ҳамин компютер»
Тавре аз мавзуи гузашта медонем, ҷузвдони системавии «Ҳамин компютер» (Этот компьютер) барои нигаҳдорӣ, азназаргузаронӣ ва идоракунии барандагони иттилооте, ки дар компютери мазкур насб гардидаанд, пешбинӣ шудааст. Ҳар гуна иттилоот, барнома ва маълумоти компютерӣ ба воситаи ҳамин барандагон дастрас карда мешаванд. Бинобар ин бо ёрии ин ҷузвдон тамоми сахтафзор ва нармафзори компютерро идора, танзим ва истифода бурдан мумкин аст. Аз худи ном – «Ҳамин компютер» – маълум аст, ки он тамоми имконоти ҳамин компютерро муаррифӣ мекунад.
Номи ин ҷузвдон, вобаста ба варианти системаи амалиётӣ, каме фарқ карда метавонад: «Компютер», «Компютери ман», «Ҳамин компютер» ва ғайра. Дар Windows 10 онро дар шакли тахтача (плитка) ва нишонаҳои бузург инъикос кардан мумкин аст.
Ду тарзи кушодан
Ҷузвдони системавии «Ҳамин компютер»-ро ба воситаи ду объекти СА (мизи корӣ ва менюи асосӣ) ва бо ду тарз кушодан имконпазир аст:
- пахши дукаратаи тугмаи чапи муш ба нишонаи «Ҳамин компютер»-и мизи кории система;
- пахши яккаратаи тугмаи чапи муш ба банди «Ҳамин компютер»-и номгӯйи барномаҳои лавҳаи рости менюи асосии система.
Агар дар мизи кории СА нишонаи «Ҳамин компютер» мавҷуд набошад, он гоҳ тамғаи нишонаи онро бо ёрии амали кашолакунӣ аз менюи асосии система ба мизи корӣ гузоштан мумкин аст.
Барандагони иттилоот
Ба сифати барандагони иттилооти ҷузвдони «Ҳамин компютер» хотираҳои дохилӣ – асосан диски винчестер ва берунӣ – дискҳои сахти озод, CD, DVD RW, USB-воситаҳо (флэшкортҳо ва дигар барандагони озоди иттилоот) истифода мешаванд. Барандагони иттилоот бо ёрии нишонаҳо ё тамғаҳояшон кушода мешаванд.
Ҷузвдони «Ҳамин компютер» ба воситаи объектҳои худ дастрасиро ба тамоми парвандаҳои дар хотираи компютер сабтшуда таъмин месозад. Пахши дукаратаи муш дарунмояи объекти дилхоҳи ин ҷузвдонро дар экран нишон медиҳад: ҳар як ҷузвдон, диск ё барнома дар равзанаи худ кушода мешавад ва дар равзана объектҳои дохили онро дидан, кушодан ва идора кардан мумкин аст.
Дискҳои компютер
Маъмулан, винчестери компютер ба ду диски мантиқӣ (дискҳои «C:» ва «D:») тақсим карда мешавад. Диски «C:» диски системавӣ ном дошта, барои нигаҳдории маҷмуи барномаҳои системаи амалиётӣ ва дигар барномаҳои системавӣ пешбинӣ шудааст. Дар диски мазкур нигоҳ доштани парвандаҳои хусусӣ иҷозат дода намешавад. Дар диски «D:» асосан иттилооти истифодабарандаи компютер (барномаҳои касбӣ, барномаҳои хидматӣ, бозиҳо, забонҳои барномасозӣ, санадҳо, китобҳо, расмҳо, суруду мусиқӣ, видеофилмҳо ва ғайра) нигоҳ дошта мешаванд.
Номи системавии барандаи берунаи иттилооти DVD/CD-RW – дискдони «E:» буда, ба воситаи он иттилооти дискҳои DVD ё CD дида ё сабт карда мешавад. Дигар ҳамаи ноқилони озоди иттилоот ба компютер ба воситаи пайваст карда мешаванд. Ба онҳо система ба таври худкор, мувофиқан, номҳои «F:», «G:», «H:», «I:» ва ғайраро мегузорад.