Ҷузвдонҳо ва парвандаҳо
Ҷузвдонҳо ва парвандаҳои компютерӣ махзани иттилоот мебошанд. Дар дохили ҷузвдонҳо парвандаҳо ва ҷузвдонҳои дигар нигоҳ дошта мешаванд. Ҷузвдонҳои дохили ҷузвдони мушаххасро зерҷузвдонҳои он мегӯянд. Тарзи нигаҳдории парвандаву зерҷузвдонҳо дар ҷузвдон ихтиёрӣ мебошад.
Ҷузвдонҳо ва парвандаҳо ном ва андоза доранд. Номи парвандаҳо аз ду қисм – асосӣ ва иловагӣ иборат буда, бо аломати нуқта ҷудо карда мешаванд. Аммо дар номи ҷузвдонҳо қисми иловагӣ вуҷуд надорад.
Ҷузвдонҳои системавӣ ва хусусӣ
Ҷузвдонҳои компютерӣ ба ду гурӯҳи калон ҷудо карда мешаванд: ҷузвдонҳои системавӣ ва ҷузвдонҳои хусусии истифодабарандагони компютер.
Ин гуна ҷузвдонҳо аз тарафи ширкатҳое, ки барномаҳои системавӣ месозанд (масалан, ширкати Microsoft), ба истифодабарандагон дастрас карда мешаванд. Ҷузвдонҳои «Ҳамин компютер» (Этот компьютер) ва «Сабад» (Корзина), ки доимо дар мизи кории компютер омодаи кор мебошанд, мисоли ҷузвдонҳои системавиро ташкил медиҳанд.
Масалан, агар ҷузвдони «Ҳамин компютер»-ро кушода, аз дохили он диски «C:»-ро кушоем, дар равзанаи он танҳо ҷузвдонҳои системавиро мебинем. Азбаски пахши номи диски «C:» равзанаи ҳамномашро мекушояд, худи диски «C:» низ яке аз ҷузвдонҳои системавии компютер аст.
Дискҳои мантиқӣ
Дар компютер якбора як ё якчанд дискро насб кардан мумкин аст. Вале аксар компютерҳои фардӣ як диски асосӣ (винчестер) доранд. Тамоми иттилооти компютер (барномаҳо, ҷузвдонҳо, парвандаҳо ва ғайра) дар ҳамин диск нигоҳ дошта мешавад.
Барои таъмини амнияти барномаҳо ва санадҳо одатан онҳоро аз ҳамдигар ҷудо нигоҳ медоранд. Яке аз роҳҳои ин – маҷозан ба якчанд диски мантиқӣ (маъмулан ба 2 ё 3-то) тақсим намудани винчестер мебошад. Дискҳои мантиқии компютер бо ҳарфҳои лотинии «C:», «D:», «E:», «F:» ва ғайра номгузорӣ карда мешаванд.
Сохтори парвандаӣ
Иттилооте, ки дар диски дилхоҳи компютер сабт гардидааст, ҷисман дар ягон ҷузвдони диски мазкур нигоҳ дошта мешавад. Ҷузвдони компютерӣ дар экрани монитор дар шакли ҷузвдони канселярии маъмул инъикос меёбад.
Ҳар як ҷузвдони диск метавонад якчанд зерҷузвдон ва парванда дошта бошад. Ҳар кадом зерҷузвдон, дар навбати худ, метавонад зерҷузвдонҳо ва парвандаҳои худро дошта бошад. Сохтори нигаҳдории ҷузвдонҳо ва парвандаҳои дискҳои компютер ҳамин тавр ташаккул меёбад. Сохтори мазкур намуди иерархии дарахтшакл дошта, сохтори парвандаӣ ном дорад.
Парвандаҳои компютерӣ, ба ғайр аз ном, боз дигар тавсифҳо – ҳаҷм, сана, вақти сохта шудан ва ғайра доранд. Ному тавсифҳои парванда дар мавзеи махсуси сатҳи диск ба қайд гирифта мешаванд, ки он дар асл ҷузвдони компютерӣ аст.
Ҳамаи ҷузвдонҳои диск, ба ғайр аз ҷузвдони асосии он, номи хусусии худро доранд. Рӯйхати ин номҳо дар худи диск ба қайд гирифта мешавад. Дар чунин ҳолат диск ҳамчун ҷузвдон тасвир ёфта, ном, ҳаҷм ва дигар хосиятҳои он дар ҷузвдони дискҳои компютер ба қайд гирифта мешавад.