Массиви дученака
Массиве, ки ченакаш аз 1 калон аст, бисёрченака номида мешавад. Хурдтарини онҳо – дученака. Дар курси мо аз дученака боло намеравем.
Масалан, int b[3][4]; – массиви бутуни номаш b, ки 3 сатр ва 4 сутун дорад (дар ҷамъ 12 ҷузъ).
Ба ҷузъи алоҳида бо ду шохис муроҷиат мекунанд: b[2][3] – ҷузъе, ки дар буриши сатри 3-юм (рақам 2) ва сутуни 4-ум (рақам 3) меистад.
Дар хотира ҳамаи ҷузъҳо дар як қатор ҷойгиранд: аввал сатри 0, баъд сатри 1, … Бинобар ин шохиси дуюм аз якум тезтар тағйир меёбад.