Кори амалӣ
Ҳамаи супоришҳо дар лабораторияи поёни саҳифа ҳастанд.
1. Дар барномаи зерин хатоҳо роҳ ёфтаанд. Онҳоро бартараф кунед. Барнома -ро «Yak», -ро «Du», дигар қиматҳоро «Xato» чоп мекунад.
Лаборатория чунин менависад:
2. Барномае тартиб диҳед, ки зимни воридсозии аломатҳои + (ҷамъ), - (тарҳ), * (зарб) ва / (тақсим) амалҳои мувофиқро бо ду адад иҷро кунад.
3. Барномае тартиб диҳед, ки зимни ворид кардани ададҳои аз 1 то 12 мувофиқан номи моҳҳои солро чоп кунад. Масалан, 1 – январ, 5 – май ва ғайра.
4. Барномае тартиб диҳед, ки зимни ворид кардани адад навъи онро муайян кунад: мусбат, манфӣ ё сифр, ҷуфт ё тоқ.
5. Барномае тартиб диҳед, ки зимни ворид кардани ададҳои аз 1 то 5 шарҳи сифати ранг (ё ягон чиз)-ро чоп кунад: 1 – хеле паст, 2 – паст, 3 – миёна, 4 – баланд, 5 – хеле баланд.
6. Барномае тартиб диҳед, ки зимни ворид кардани рақами моҳ миқдори рӯзҳои онро чоп кунад (моҳи феврал – 28 рӯз).
7. Барномае тартиб диҳед, ки зимни ворид кардани рақами рӯзи ҳафта (1 – душанбе, … 7 – якшанбе), рӯзи корӣ ё истироҳатӣ будани онро чоп кунад.
8. Барномае тартиб диҳед, ки зимни ворид кардани қимати се тарафи секунҷа навъи онро муайян кунад.
9. Барномае тартиб диҳед, ки зимни ворид кардани рақами моҳ ба кадом фасли сол тааллуқ доштани онро муайян кунад.
10. Барномае тартиб диҳед, ки зимни ворид кардани ҳарфи маблағи бо сомонӣ додашударо ба доллари амрикоӣ ва зимни ворид кардани ҳарфи ба рубли русӣ баргардонад. Курси сомониро тақрибан муайян кунед.