Тарзи кор
Ҳар масъалаи ин дарсро ба се қадам тақсим мекунем:
- Функсия – бо сарлавҳаи равшан (навъ, ном, параметрҳо).
main– вуруд, муроҷиат ба функсия, чоп.- Санҷиш – якчанд қиматро санҷед, аз ҷумла 0, 1 ва манфӣ.
Намуна: факториал. Функсия fakt қимати -ро бо сикл ҳисоб мекунад ва бармегардонад.
Натиҷа:
Дар main ҳеҷ ҳисоб нест: танҳо хондан ва чоп. Тамоми «фикри барнома» дар функсия аст. long long барои он гирифта шудааст, ки ба int намеғунҷад.
Масъалаҳои 2 ва 3 бо сатр кор мекунанд. Сатрро ҳоло ҳамчун массиви ҳарфҳо char s[] мебинем; охири он рамзи махсуси '\0' аст, ки дар барнома дида намешавад (бештар – дар Дарсҳои 23 ва 26). Бо он дарозии сатрро ёфтан осон аст: то '\0' шумориш мекунем.
Натиҷа:
s[n] – ҳарфи рақамаш n (аз 0). Бо «Tojikiston» дарозӣ 10 шуд. (Дар лаборатория ҳарфҳои Лотинро ворид кунед.)
Кор дар синф
Кори амалӣ
Барои масъалаҳои зерин функсияҳои мувофиқ созед, онҳоро ба барнома даъват кунед ва натиҷаро дар экран нишон диҳед. Ҳар масъала – як супориши лаборатория; дар шарти супориш номи функсия, вуруд ва шакли натиҷа гуфта шудааст.