Ду давра
Ду давра метавонанд як ё ду нуқтаи умумӣ дошта бошанд, ё умуман нуқтаи умумӣ надошта бошанд. Радиуси давраи калонро радиуси давраи хурдро ва масофаи байни марказҳоро мегӯем (расми 1).
- Аз берун расанда. Давраҳо як нуқтаи умумӣ доранд ва ҳар кадом дар беруни дигаре мехобад. Масофаи марказҳо ба суммаи радиусҳо баробар аст:
- Аз дохил расанда. Давраҳо як нуқтаи умумӣ доранд ва давраи хурд дар дохили калон мехобад. Масофаи марказҳо ба фарқи радиусҳо баробар аст: