Давра
Нӯги тези паргорро ба нуқтаи ҳамворӣ гузошта, нӯги қаламдорашро давр мезонем. Шакли геометрие ҳосил мешавад, ки давра ном дорад (расми 1). Нуқтаи маркази давра аст: он аз ҳамаи нуқтаҳои давра дар як хел масофа воқеъ аст.
Ҳамаи радиусҳои як давра бо ҳам баробаранд: Давра нуқтаҳои бешумор дорад, аз ин рӯ радиусҳояш низ бешумор аст.
Худатон санҷед: давра кашед, радиусро бо хаткашак чен кунед ва диаметрро аз рӯйи он ёбед.