Такрори касрҳо ва фоизҳо · 3/3. Машқҳои иловагӣ - Математика — синфи 5
Ин давоми саҳифаи 2/3 аст. Аз рӯйхати зер машқҳои мавзӯеро интихоб кунед, ки дар саволҳои такрорӣ дар он хато кардед.
Машқҳо
Машқҳои мавзӯи худро интихоб кунед: амалҳо ва муодилаҳо — № 1, 13–15, 20, 22, 32–36; ҳаракат ва вақт — № 2, 3, 10, 16, 25; касрҳо ва ҳиссаҳо — № 4–6, 17, 29–31; фоизҳо — № 7–9, 18, 21, 23, 24, 26–28. Барои № 33 калкулятор лозим аст.
1. Қимати ифодаҳоро ёбед:
а) ( 23,79 : 7,8 − 6,8 : 17 ) ⋅ 2,05 − 1,48 ⋅ 0,75 ; (23{,}79:7{,}8-6{,}8:17)\cdot2{,}05-1{,}48\cdot0{,}75; ( 23 , 79 : 7 , 8 − 6 , 8 : 17 ) ⋅ 2 , 05 − 1 , 48 ⋅
навбатӣ Санҷиши солона 1 соат
0 , 75 ;
б) ( 15,42 − 2,5 ⋅ ( 20,74 : 6,8 − 7,6 : 19 ) ) ⋅ 0,12. (15{,}42-2{,}5\cdot(20{,}74:6{,}8-7{,}6:19))\cdot0{,}12. ( 15 , 42 − 2 , 5 ⋅ ( 20 , 74 : 6 , 8 − 7 , 6 : 19 )) ⋅ 0 , 12. 2. Суръати ҷараёни оби дарё 2,4 км/соат аст. Суръати катер дар оби ором 16,8 км/соат мебошад. Катер кадом масофаро тай кардааст, агар вай бо равиши ҷараёни об 2 соат ва ба муқобили он 3 соат шино карда бошад?
3. Дар яке аз шабонарӯзҳо давомнокии шаб аз давомнокии рӯз 40 дақиқа тӯлонитар буд. Шаб чанд соату чанд дақиқа давом ёфт?
4. Дар анбор 12 т картошка, 16 т пиёз ва 20 т сабзӣ мавҷуд аст. Ҳар яке аз ин маҳсулот кадом ҳиссаи ҷамъи маҳсулоти анборро ташкил медиҳад?
5. Устохона дар 30 рӯз бояд 70 адад тиреза месохт. Дар даҳрӯзаи аввал 27 адад ва дар даҳрӯзаи дуюм 35 адад тиреза истеҳсол карда шуд. Кадом ҳиссаи шумораи умумии тирезаҳо бояд дар даҳрӯзаи сеюм истеҳсол карда шавад?
6★. Ба анбор 1 512 кг равған оварда шуд. Рӯзи аввал 2 9 \frac29 9 2 ҳиссаи он ва рӯзи дуюм 5 12 \frac{5}{12} 12 5 ҳиссаи он ба нуқтаҳои савдо фиристода шуд. Баъди ин ду рӯз дар анбор чӣ қадар равған боқӣ монд? (Ишора: 2 9 = 8 36 , \frac29=\frac{8}{36}, 9 2 = 36 8 , 5 12 = 15 36 . ) \frac{5}{12}=\frac{15}{36}.) 12 5 = 36 15 . )
7. Рӯзи аввал 13 %, рӯзи дуюм 24 % ва рӯзи сеюм 18 %-и тамоми ангишти дар анбор мавҷудбуда ба мактабҳо фиристода шуд. Боз дар анбор 135 т ангишт боқӣ монд. Дар анбор чӣ қадар ангишт буд?
8. Коргар 20 %-и мукофоти гирифтаашро барои хариди телевизор ва 15 %-и маблағи боқимондаашро барои таъмири хонааш сарф кард. Боз 1 190 сомонӣ боқӣ монд. Мукофот чанд сомонӣ буд?
9. Дар таркиби лаблабуи қанд 12 % қанд мавҷуд аст. Аз 1,5 т лаблабуи қанд чӣ қадар қанд истеҳсол кардан мумкин? Аз 12 т-чӣ?
10. Катер дар 3 соат бо равиши ҷараёни об 65 км ҳаракат кард. Барои то ҷойи аввалааш гашта омадани катер чанд вақт лозим аст, агар суръати ҷараёни оби дарё 4,5 км/соат бошад? (Ҷавобро то садякӣ яклухт кунед.)
11. Нархи ду лӯхтаки якхела ба нархи як хирсак баробар аст. Нархи як хирсак аз нархи як лӯхтак 2 сомонӣ зиёд аст. Нархҳои ин ду бозичаро ёбед.
12. Агар шумораи солҳои умри Олимро 5 маротиба калон карда, аз ҷавобаш 23-ро тарҳ кунем, 52 ҳосил мешавад. Олим чандсола аст?
13. Агар ба адади номаълум 46-ро ҷамъ карда, аз натиҷааш сеяки адади номаълумро тарҳ кунем, ададе ҳосил мешавад, ки аз адади номаълум 40 воҳид калон аст. Адади номаълум чанд аст?
а) 4 p + p + 3 p + 5 p − 3 p − p ; 4p+p+3p+5p-3p-p; 4 p + p + 3 p + 5 p − 3 p − p ;
б) 12,6 p + 0,5 p − 2,12 p + p + 1,3 p − p . 12{,}6p+0{,}5p-2{,}12p+p+1{,}3p-p. 12 , 6 p + 0 , 5 p − 2 , 12 p + p + 1 , 3 p − p .
15. Қимати ифодаи 18,4 y + 0,3 y + 2,2 y − 3,2 y − 4 18{,}4y+0{,}3y+2{,}2y-3{,}2y-4 18 , 4 y + 0 , 3 y + 2 , 2 y − 3 , 2 y − 4 -ро ёбед, агар y = 10,5 ; y=10{,}5; y = 10 , 5 ; 1,05 ; 1{,}05; 1 , 05 ; 105 105 105 бошад.
16. Аз деҳаи Шаҳоб ва маркази ноҳияи Қубодиён дар як лаҳза ду мотосиклрон ба роҳ баромада, баъд аз 2 соат бо ҳам вохӯрданд. Онҳо ҳамагӣ 60 км масофаро тай карданд. Суръати яке аз мотосиклҳо аз дигараш 2 км/соат зиёд буд. Суръати ҳар кадоме аз мотосиклҳоро ёбед.
17. Масоҳати ошхона 9 м² буда, он панҷяки масоҳати квартираро ташкил додааст. Масоҳати квартираро ёбед.
18. Ман ададеро фикр кардам. Аввал онро 10 % кам карда, баъд онро 20 % зиёд кардам. Суммаи ин ду натиҷа 63 шуд. Ман кадом ададро фикр кардам?
19. Миёнаи арифметикии ду адад 54 буда, яке аз ададҳо аз дигараш 2 маротиба калон аст. Ин ду ададро ёбед.
а) 2,85 ⋅ ( 3,24 − 1,16 ) ; 2{,}85\cdot(3{,}24-1{,}16); 2 , 85 ⋅ ( 3 , 24 − 1 , 16 ) ;
б) 4,8 5,41 + 6,59 . \dfrac{4{,}8}{5{,}41+6{,}59}. 5 , 41 + 6 , 59 4 , 8 .
21. Масоҳати росткунҷа чӣ қадар зиёд мешавад, агар дарозии онро 25 % ва барашро 20 % зиёд кунем?
22. Амалҳоро иҷро намоед:
а) ( 867 000 : 2 125 − 396,4 ) ⋅ 2,15 ; (867\,000:2\,125-396{,}4)\cdot2{,}15; ( 867 000 : 2 125 − 396 , 4 ) ⋅ 2 , 15 ;
б) ( 26,16 : 6 + 2,6 ⋅ 1,4 ) : 0,4 − 0,4 ; (26{,}16:6+2{,}6\cdot1{,}4):0{,}4-0{,}4; ( 26 , 16 : 6 + 2 , 6 ⋅ 1 , 4 ) : 0 , 4 − 0 , 4 ;
в) ( 3,2 : 4 + 4 : 3,2 ) ⋅ 4,8 ; (3{,}2:4+4:3{,}2)\cdot4{,}8; ( 3 , 2 : 4 + 4 : 3 , 2 ) ⋅ 4 , 8 ;
г) ( 385,7 : 0,19 − 30 ) ⋅ 0,2 − ( 35,7 ⋅ 3,29 + 2,547 ) . (385{,}7:0{,}19-30)\cdot0{,}2-(35{,}7\cdot3{,}29+2{,}547). ( 385 , 7 : 0 , 19 − 30 ) ⋅ 0 , 2 − ( 35 , 7 ⋅ 3 , 29 + 2 , 547 ) .
23. Аз 20 кг себ 16 кг афшураи себ ҳосил шуд. Аз 45 кг себ чӣ қадар афшура ҳосил мешавад?
24★. Биринҷ 75 % ва ҷав 60 % крахмал дорад. Чӣ қадар ҷавро гирифтан лозим, то миқдори крахмали он ба миқдори крахмали дар 5 кг биринҷ мавҷудбуда баробар шавад?
25★. Сайёҳ дар дарё ба амад (сол) савор шуда, дар 5 соат 24 км шино кард. Дар бозгашт ӯ ба заврақи мотордор савор шуд, ки суръаташ дар оби ором 24,8 км/соат буд. Дар бозгашт сайёҳ чанд соат вақт сарф кард?
26. Масоҳати сатҳи обанбори Фарҳод ба 11,3 %-и масоҳати сатҳи «Баҳри тоҷик» баробар аст. Агар масоҳати сатҳи «Баҳри тоҷик» 520 км² бошад, масоҳати сатҳи обанбори Фарҳод чанд аст?
27. Дарозии дарёи Қизилсу 44,23 %-и дарозии дарёи Панҷро ташкил медиҳад. Агар дарозии Қизилсу 230 км бошад, дарозии дарёи Панҷро ёбед (то воҳид яклухт кунед) .
28. Пиряхи бузургтарини Помир, ки Федченко номида шудааст, дар масоҳати 907 км² доман паҳн кардааст. Пиряхи Хирс аз пиряхи Федченко 36,7205 баробар хурд аст. Масоҳати пиряхи Хирс чанд аст? (То даҳякӣ яклухт кунед.)
29. Пиряхи Грумм-Гржимайло (160 км²), пиряхи Гармо (153 км²), пиряхи Фортамбек (74,5 км²), пиряхи Гандо (55 км²) кадом ҳиссаҳои пиряхи Федченкоро ишғол карда метавонанд? Натиҷаро то даҳякӣ яклухт кунед.
30. Дарозии дарёи Зарафшон 877 км аст. Дарозии дарёҳои Панҷ (921 км), Бартанг (528 км), Вахш (524 км), Кофарниҳон (387 км), Оби Хингов (196 км), Помир (117 км) кадом ҳиссаҳои дарёи Зарафшонро ташкил медиҳанд?
31. Масофа аз шаҳри Хоруғ то маркази ноҳияи Рӯшон 64 км аст. Масофа аз деҳшӯроҳои Бартанг то маркази ноҳия (50 км), Басид (95 км), Барӯшон (11 км), Пастхуф (13 км), Савноб (165 км) ва Шидз (40 км) кадом ҳиссаҳои масофаи байни Хоруғу маркази ноҳияро ташкил медиҳанд?
32. Қимати ифодаҳоро ёбед:
а) 7 225 : 85 + 64 ⋅ 2 345 − 248 838 : 619 ; 7\,225:85+64\cdot2\,345-248\,838:619; 7 225 : 85 + 64 ⋅ 2 345 − 248 838 : 619 ;
б) 543 465 − 9 025 : 95 + 360 272 : 712. 543\,465-9\,025:95+360\,272:712. 543 465 − 9 025 : 95 + 360 272 : 712.
33. Бо калкулятор ҳисоб карда, натиҷаро то ҳазорякӣ яклухт намоед:
а) 3,281 ⋅ 0,57 + 4,356 ⋅ 0,278 − 13,7283 : 6,83 ; 3{,}281\cdot0{,}57+4{,}356\cdot0{,}278-13{,}7283:6{,}83; 3 , 281 ⋅ 0 , 57 + 4 , 356 ⋅ 0 , 278 − 13 , 7283 : 6 , 83 ;
б) 77,2 ⋅ 22,5 − 40,6 : ( 8,24 + 11,76 ) − 124,23 ; 77{,}2\cdot22{,}5-40{,}6:(8{,}24+11{,}76)-124{,}23; 77 , 2 ⋅ 22 , 5 − 40 , 6 : ( 8 , 24 + 11 , 76 ) − 124 , 23 ;
в) ( 14 − 12,725 ) ⋅ 12,4 − 2,6 : ( 11,2 − 7,95 ) ; (14-12{,}725)\cdot12{,}4-2{,}6:(11{,}2-7{,}95); ( 14 − 12 , 725 ) ⋅ 12 , 4 − 2 , 6 : ( 11 , 2 − 7 , 95 ) ;
г) 208,57 − 108,57 : ( ( 60,4 − 57,6 ) ⋅ ( 3,6 + 3,45 ) ) ; 208{,}57-108{,}57:((60{,}4-57{,}6)\cdot(3{,}6+3{,}45)); 208 , 57 − 108 , 57 : (( 60 , 4 − 57 , 6 ) ⋅ ( 3 , 6 + 3 , 45 )) ;
ғ) ( 3,7 + 14,058 : 6,39 ) ⋅ ( 23,641 : 4,7 − 4,6 ) ; (3{,}7+14{,}058:6{,}39)\cdot(23{,}641:4{,}7-4{,}6); ( 3 , 7 + 14 , 058 : 6 , 39 ) ⋅ ( 23 , 641 : 4 , 7 − 4 , 6 ) ;
д) ( 7,061 : 2,3 ⋅ 2,2 ) ⋅ ( 4,2 + 17,391 : 5,27 ) . (7{,}061:2{,}3\cdot2{,}2)\cdot(4{,}2+17{,}391:5{,}27). ( 7 , 061 : 2 , 3 ⋅ 2 , 2 ) ⋅ ( 4 , 2 + 17 , 391 : 5 , 27 ) .
34. Муодилаҳоро ҳал кунед:
а) 10,2 x + 0,4 x − x = 19,2 ; 10{,}2x+0{,}4x-x=19{,}2; 10 , 2 x + 0 , 4 x − x = 19 , 2 ;
б) ( 0,7 x − 0,2 x ) ⋅ 6,4 = 9,6 ; (0{,}7x-0{,}2x)\cdot6{,}4=9{,}6; ( 0 , 7 x − 0 , 2 x ) ⋅ 6 , 4 = 9 , 6 ;
в) x − 0,2 x : 0,4 = 1,6 ; x-0{,}2x:0{,}4=1{,}6; x − 0 , 2 x : 0 , 4 = 1 , 6 ;
г) ( 0,4 x + x ) : 0,7 = 1,6. (0{,}4x+x):0{,}7=1{,}6. ( 0 , 4 x + x ) : 0 , 7 = 1 , 6.
а) 74 : 100 − 0,4 : 10 + 17,8 : 1 000 ; 74:100-0{,}4:10+17{,}8:1\,000; 74 : 100 − 0 , 4 : 10 + 17 , 8 : 1 000 ;
б) 0,35 ⋅ 10 + 0,0237 ⋅ 100 − 0,00087 ⋅ 1 000 ; 0{,}35\cdot10+0{,}0237\cdot100-0{,}00087\cdot1\,000; 0 , 35 ⋅ 10 + 0 , 0237 ⋅ 100 − 0 , 00087 ⋅ 1 000 ;
в) 37,001 − 0,2 ⋅ 0,1 + 8,9 ⋅ 0,001 ; 37{,}001-0{,}2\cdot0{,}1+8{,}9\cdot0{,}001; 37 , 001 − 0 , 2 ⋅ 0 , 1 + 8 , 9 ⋅ 0 , 001 ;
г) 0,7 : 0,1 + 0,00474 : 0,01. 0{,}7:0{,}1+0{,}00474:0{,}01. 0 , 7 : 0 , 1 + 0 , 00474 : 0 , 01.
а) ( 93 ⋅ 7 + 141 ) : 72 ; (93\cdot7+141):72; ( 93 ⋅ 7 + 141 ) : 72 ;
б) ( 357 − 348 : 6 ) ⋅ 4 ; (357-348:6)\cdot4; ( 357 − 348 : 6 ) ⋅ 4 ;
в) ( 15,96 + 5,2 − 1,2 ) ⋅ 0,1 ; (15{,}96+5{,}2-1{,}2)\cdot0{,}1; ( 15 , 96 + 5 , 2 − 1 , 2 ) ⋅ 0 , 1 ;
г) ( 16,1 : 4,6 − 3,07 ) ⋅ 0,2. (16{,}1:4{,}6-3{,}07)\cdot0{,}2. ( 16 , 1 : 4 , 6 − 3 , 07 ) ⋅ 0 , 2.
Вазифаи хонагӣ
Аз қисми «Машқҳо» -и ҳамин саҳифа: № 2, 9, 16, 22, 34 ва ду машқи мавзӯе, ки дар он хато кардед.
Ба санҷиши солона тайёрӣ бинед: дарсҳои пештараи худро дар «Харитаи курс» кушода, саволҳои «Кор дар синф»-ро аз нав ҳал кунед. Калкулятор ва диаграммаи доиравӣ машқҳои интерактивии худро доранд.
Агар омӯзгор вазифаи онлайн супорида бошад, онро дар саҳифаи «Супоришҳо» мебинед.
Хулоса
Воҳидҳои 12–16: касрҳои одӣ ва омехта, кунҷҳо, касрҳои даҳӣ ва амалҳо бо онҳо, фоизҳо, асбобҳои ҳисобкунӣ ва ченкунӣ.
Тартиби амалҳо: қавс, зарбу тақсим, ҷамъу тарҳ — ҳам дар дафтар, ҳам дар калкулятор.
Фоиз ҳамеша аз ягон адад ҳисоб мешавад: ду тағйироти пайдарпай аз ададҳои гуногун ҳисоб мешаванд.
Масъаларо бо нақша ё муодила ҳал карда, ҷавобро месанҷем.
Калимаҳои калидӣ касри одӣ касри даҳӣ фоиз муодила миёнаи арифметикӣ суммаи кунҷҳо
Ман дар ин дарс чӣ омӯхтам? Кадом мавзӯи воҳидҳои 12–16 барои шумо осонтар буд ва кадомаш душвортар? Пеш аз санҷиши солона кадом дарсро бори дигар мекушоед?
Худро арзёбӣ кунед (✓ ё ✗):
Ман метавонам ҳиссаи ададро ва ададро аз рӯйи ҳиссааш ёбам.
Ман метавонам воҳидҳоро бо касри даҳӣ ифода кунам.
Ман метавонам масоҳат, ҳаҷм ва кунҷи номаълумро ёбам.
Ман метавонам ифодаҳо ва муодилаҳоро бо касрҳои даҳӣ ҳал кунам.
Ман метавонам масъалаҳои фоиз ва ҳаракатро ҳал кунам.
Ман метавонам ҷавобро бо калкулятор санҷам.