Микрокалкулятор
Барои сари вақт ва бо осонӣ иҷро кардани амалҳои ҳисоб аз микрокалкулятор истифода мебаранд. Бо ёрии ин асбоби ҳисобкунӣ чор амали ҳисоб — ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсимро иҷро кардан мумкин аст. Дар сатҳи он тугмачаҳое мавҷуданд, ки ҳар кадомашон вазифаи махсус доранд. Имрӯз калкулятор дар ҳар телефон ҳаст.
Ворид кардани адад. Барои он ки ба калкулятор адади натуралӣ ворид карда шавад, тугмачаҳои рақамҳои ин адад аз разряди калонтаринаш сар карда пахш карда мешаванд (аввал ҳазорӣ, баъд садӣ, пас даҳӣ ва дар охир якӣ). Масалан, барои ворид кардани адади 12 750 тугмачаҳои 1, 2, 7, 5 ва 0 бо ҳамин тартиб пахш карда мешаванд.
Барои ворид кардани касри даҳӣ аввал қисми бутуни он ворид карда мешавад, баъд тугмачаи «нуқта» (дар калкулятор вергулро иваз мекунад), пас аз он рақамҳои қисми касрӣ аз разряди даҳякиҳо. Масалан, барои 48,207 тугмачаҳои 4, 8, нуқта, 2, 0, 7 пахш карда мешаванд.
Барои он ки сафҳа (экран) аз рақамҳо тоза карда шавад, тугмаи C ё AC-ро пахш мекунанд.
Ин барномаро мухтасар чунин менависанд: Барои тарҳ дар қадами 2 тугмачаи «−»-ро пахш мекунем ва мегирем; барои зарб — «×» барои тақсим — «÷» (дар калкулятори кӯҳна «:»).