Сохтани шаклҳои одитарини геометрӣ
Дар синфи 5 шаклҳои одитарини геометрӣ, аз ҷумла нуқта, хатти шикаста, секунҷа, росткунҷа, квадрат, кунҷ, давра, доира ва ғайра омӯхта мешаванд. Барои сохтани ин шаклҳо хаткашак, гунё (секунҷаи росткунҷаи нақшакашӣ) ва паргор лозиманд.
Нуқтаро бо нӯги борики қалам (ручка) тасвир кардан мумкин аст. Барои сохтани порчаи AB хаткашакро ба нуқтаҳои A ва B гузошта, қад-қади он аз нуқтаи A то B ё баръакс хат мекашем. Дарозии порчаи AB ба масофаи байни нуқтаҳои A ва B баробар аст.
Хатти шикаста аз якчанд порчаи пайиҳам пайваст иборат аст (расми 1 (а)). Агар охири порчаи охирин бо аввали порчаи аввалин болоиҳам ояд, хатти шикаста сарбаста номида мешавад. Ба он секунҷа, чоркунҷа, росткунҷа, квадрат ва ғайра мисол шуда метавонанд (расми 1 (б), (в)).
Давраро бо паргор месозем. Пояҳои паргорро ба андозаи муайян мекушоянд. Сипас нӯги тези пояи паргорро ба коғаз беҳаракат халонида, пояи қаламдори онро дар атрофи нуқтаи беҳаракат як маротиба пурра давр мезанонем. Қалам хатти каҷи сарбаста мекашад, ки давра ном дорад (расми 2). Доира — ҳамон қисми ҳамворӣ аст, ки бо давра маҳдуд гардидааст.
Андозаи пояҳои паргорро тағйир дода, дар гирди ҳамон як нуқта якчанд давраҳои ҳаммарказ кашидан мумкин аст. Агар ҳам андозаи пояҳо ва ҳам ҷойи марказро дигар кунем, давраи дигар ҳосил мешавад. Ин гуна давраҳо метавонанд ҳамдигарро буранд (расми 3) ё набуранд.
Сохтани секунҷа аз рӯйи се тарафаш
Мақсад мегузорем, ки секунҷаи дарозии тарафҳояш 3 см, 4 см ва 5 см-ро созем. Яъне, се порча дода шудаанд: якеаш 3 см, дигараш 4 см ва сеюмаш 5 см. Онҳоро бояд тавре гузорем, ки секунҷа ҳосил шавад. Барои ин на танҳо хаткашак, балки паргор низ лозим аст.
Хатти ростро тасвир карда, дар он порчаеро қайд мекунем, ки дарозиаш ба яке аз тарафҳо, масалан 5 см баробар бошад. Охирҳои ин порча қуллаҳои A ва C-и секунҷае мебошанд, ки онро месозем. Мақсади мо — сохтани қуллаи сеюм, нуқтаи B. Нуқтаи дилхоҳе, ки аз A дар масофаи 3 см ҷойгир аст, дар давраи марказаш A ва радиусаш 3 см мехобад. Ҳамин тавр, нуқтаи дилхоҳе, ки аз C дар масофаи 4 см ҷойгир аст, дар давраи марказаш C ва радиусаш 4 см мехобад. Бинобар ин қуллаи сеюм бояд ҳам ба давраи якум ва ҳам ба давраи дуюм тааллуқ дошта бошад, яъне вай нуқтаи буриши ин давраҳост. Давраҳо ҳамдигарро дар ду нуқта мебуранд. Яке аз онҳоро бо B ишора карда, бо хаткашак онро бо нуқтаҳои A ва C пайваст мекунем. Порчаҳои AC = 5 см, AB = 3 см, BC = 4 см тарафҳои секунҷа мебошанд.
Агар нуқтаи дуюми буриши давраҳо, яъне B′-ро интихоб мекардем, секунҷае ҳосил мешуд, ки ба секунҷаи ABC баробар аст. Дар ин маврид мегӯянд, ки масъала ду ҳал дорад.
Дар машқи интерактивӣ секунҷаро бо паргори экранӣ созед: паргорро ба дарозии порча кушоед, дар атрофи қулла давра кашед ва нуқтаи буриши давраҳоро ёбед.