Саволҳои такрорӣ
Саволҳои зер воҳидҳо, касрҳои даҳӣ, касрҳои одӣ ва геометрияро такрор мекунанд. Ҳар ҷое ки хато кардед, мавзӯъро дар дарси мувофиқ такрор кунед ва аз рӯйхати «Машқҳо» боз 2–3 машқи ҳамон мавзӯъро ҳал кунед.
Воҳидҳо ва касрҳои даҳӣ
Касрҳои одӣ
Геометрия
Машқҳо
Аз ин рӯйхат машқҳои мавзӯи худро интихоб кунед: касрҳои одӣ — № 12–18, 21; воҳидҳо ва касрҳои даҳӣ — № 1, 2, 19, 20, 22–25; геометрия — № 3–11.
1. Массаи 1 л бензин 650 г аст. Ғунҷоиши баки автомобил 50 л аст. Агар баки автомобил аз бензин пур карда шавад, массаи он чӣ қадар мешавад?
2. Торти массааш 2 кг 800 г-ро дар байни 8 нафар баробар тақсим карданд. Ҳар кадоме аз онҳо чанд грамм торт гирифт?
3. Порчаи AB-и дарозиаш 3,6 см дода шудааст. Нуқтаи A-ро ҳамчун марказ интихоб намуда, давраи радиусаш 2,5 см кашед. Нуқтаи B-ро ба сифати марказ қабул намуда, давраи радиусаш 2,4 см гузаронед. Нуқтаҳои буриши ин давраҳо аз охирҳои порчаи AB дар кадом масофаҳо ҷойгиранд?
4. Кунҷи AOB-ро тасвир кунед, ки қиматаш 140° бошад. Биссектрисаи ин кунҷро гузаронед.
5. Давраро тасвир карда, дар он ду радиусе гузаронед, ки онҳо бо ҳамдигар кунҷи ростро ташкил диҳанд.
6. Секунҷаеро тасвир намоед, ки яке аз кунҷҳояш 90° буда, кунҷи дигараш 45° бошад. Кунҷи сеюми секунҷа чанд градус мебошад?
7. Чоркунҷаеро тасвир намоед, ки яке аз кунҷҳояш 90°, дигараш 45° ва сеюминаш низ 90° бошад. Қимати кунҷи чоруми чоркунҷаро ёбед.
8. Секунҷаҳои дар расми 1 тасвирёфтаро то росткунҷа пурра сохта, масоҳати ҳар як секунҷаро ёбед.
9. Масоҳати росткунҷаро ёбед, агар дарозиаш 1,52 см буда, бараш 0,52 дм бошад.
10. Ҳаҷми параллелепипеди росткунҷаро ёбед, агар дарозии он 4,1 см буда, бараш 12 см ва баландиаш 0,25 дм бошад.
11. Дарозии параллелепипеди росткунҷа см буда, бараш аз дарозиаш 2,5 см зиёдтар аст ва баландиаш 8 миллиметрро ташкил медиҳад. Барои ёфтани ҳаҷми параллелепипед ифода тартиб диҳед.
12. 100 м, 200 м, 250 м, 500 м, 750 м, 800 м, 850 м, 900 м кадом ҳиссаҳои километрро ифода мекунанд?
13. Рама бузу гӯсфандонро дарбар мегирад. Гӯсфандон ҳиссаи рамаро ташкил додаанд. Бузҳо кадом ҳиссаи рамаро ташкил медиҳанд?