Интихобҳои саҳифаи чопӣ
Агар мехоҳем, ки санад дар коғаз тибқи талабот чоп шавад, интихобҳои саҳифаро муайян мекунем. Афзорҳо дар банди Нишонагузори саҳифа (Разметка страницы), блоки Интихобҳои саҳифа (Параметры страницы) ҷойгиранд:
- Ҳошияҳо (Поля), Тамоюл (Ориентация), Андоза (Размер);
- Сутунсозӣ (Колонки), Гусастагиҳо (Разрывы), Рақамгузории сатрҳо, Кӯчонишҳо (Расстановка переносов);
- дар блоки Заминаи саҳифа: Тагматни саҳифа (Подложка), Ранги саҳифа, Ҳудудҳои саҳифаҳо.
Ҳамаи ин амалҳоро равзанаи Интихобҳои саҳифа низ иҷро мекунад: онро бо тирчаи кунҷи поёнии рости блок мекушоянд. Равзана се қабат дорад: Ҳошияҳо, Андозаи варақ, Манбаи варақ.
Қабати «Ҳошияҳо»
Чор блок дорад.
| Блок | Барои чӣ |
|---|---|
| Ҳошияҳо | шаш майдонча: Болоӣ, Поёнӣ, Чап, Рост – ҳошияҳо; Муқовабандӣ (Переплет) – бари муқова; Мавқеи муқовабандӣ – аз чап ё аз боло |
| Тамоюл | китобӣ (амудӣ) ё албомӣ (уфуқӣ) |
| Саҳифаҳо | Маъмул, Ҳошиябандии оинасон, Ду саҳифа дар як варақ, Брошюра |
| Намунаи пешдид | натиҷаро пеш аз татбиқ нишон медиҳад |