Санади нав
Версияҳои гуногуни Word аз ҳамдигар кам фарқ мекунанд, вале афзорҳои онҳо дар ҳар версияи нав такмил меёбанд. Мо бо Microsoft Word 2010 кор мекунем.
Барои сохтани санади нав кофист Word-ро кушоед: санади холӣ худ аз худ пайдо мешавад. Ё: Парванда → Сохтан (Файл → Создать) → Санади нав (Новый документ) → Сохтан.
Дохилкунӣ ва таҳрир
Матне, ки бо сафҳакалид менависед, дарҳол дар майдони корӣ пайдо мешавад. Ҷои аломати навбатиро курсори матнӣ – хати рости амудии чашмакзананда нишон медиҳад. Матн аз як сатр ба сатри дигар худкор мегузарад. Барои тамом кардани сархат Enter-ро пахш кунед.
Барои илова кардани порчаи нав курсорро ба ҷои лозимӣ гузошта, матни навро нависед. Хатоҳоро ислоҳ кардан низ осон аст, вале аввал курсорро ба ҷои дуруст бояд бурд. Ду тарз ҳаст:
- бо муш: нишондиҳандаро ба ҷои лозим бурда, тугмаи чапро пахш кунед;
- бо сафҳакалид: тугмаҳои зерин.
| Тугма | Курсор ба куҷо мегузарад |
|---|---|
| ← → | як аломат ба чап ё рост |
| ↑ ↓ | як сатр ба боло ё поён |
| Home / End | ба аввал / охири сатр |
| Ctrl + ← / Ctrl + → | як калима ба чап / рост |
| Page Up / Page Down | як экран ба боло / поён |
| Ctrl + Home / Ctrl + End |