Санадҳои матнӣ
Эҷод, захира ва паҳн кардани санадҳои матнӣ – мактуб, мақола, варақа, ҳисобот, роман, достон – яке аз соҳаҳои аз ҳама маъмули истифодаи компютери фардӣ аст. Барои ин ду гурӯҳи барнома хизмат мекунад: виросторони матнӣ ва протсессорони матнӣ.
Бо виростори матнӣ санадро месозанд, таҳрир ва форматбанд мекунанд, аз назар мегузаронанд, дар хотира сабт мекунанд ва дар коғаз чоп мекунанд. Виросторон хусусан барои навиштани матни барномаҳо беҳамтоянд. Протсессори матнӣ ҳамаи инро мекунад ва боз бисёр корҳои дигар: ба матн ҷадвал, тасвир ва диаграмма ҳамроҳ мекунад.
Баъзе протсессорон навъи WYSIWYG (What You See Is What You Get – «Ҳар чизе, ки мебинӣ, онро дар ҳамон шакл мегирӣ») мебошанд: санади экран бо нусхаи чопии он пурра мувофиқ аст.
Формати парвандаи матнӣ
Парвандаҳои матнӣ маъмултарин намуди додаҳои компютеранд. Ҳангоми кор бо онҳо ду мушкил пайдо мешавад.
- Мушкили якум – аломатҳо. Барои забонҳои гуногун аломатҳои бисёр лозиманд. Барномасозони амрикоӣ аксар рамзбандии ASCII-ро истифода мебаранд: як байт барои як аломат, ҳамагӣ 256 рамз. Барои забонҳои дигар ин кам аст, бинобар ин ҷаҳон ба рамзбандии Unicode мегузарад, ки барои як аломат ду байт ҷудо мекунад ва имкон медиҳад 65 536 аломати гуногун рамзбандӣ шавад.
- Мушкили дуюм – форматбандӣ. Ҳангоми аз як компютер ба дигар бурдани санад, ки график, диаграмма ё сарлавҳаҳои бо ҳуруфи гуногун дорад, системаҳои гуногун на ҳамеша форматбандиро айнан қабул мекунанд. Аз ин рӯ аксар матнҳо дар шакли одӣ (plain text), яъне бе нишонагузорӣ (markup) паҳн мешаванд.
Ба номи парвандае, ки виростор месозад, худкор пасванд (қисми иловагӣ) ҳамроҳ мешавад: он нишон медиҳад, ки санад бо кадом нишонагузорӣ навишта шудааст.
| Пасванд | Санад |
|---|---|
.txt | матни одӣ (Блокнот) |
.doc, .docx | санади Word |