Ҳудудсозӣ ва рангпуркунӣ
Чорчӯбаи атрофи фрагмент, хати зери сатр, заминаи рангин санадро зебо ва ҷолиб мекунанд. Барои ин сархат ё фрагментро ҷудо кунед ва дар блоки Сархат-и банди Асосӣ тугмаи ҳудудсозӣ ва рангпуркуниро пахш кунед. Агар дар ҷои тугма афзори дигар (масалан, «ҳудуди поён» ё «ҳамаи ҳудудҳо») намудор бошад – ҳамонро пахш кунед: ин ҷо охирин афзори истифодашуда меистад.
Бандҳои охирини рӯйхат – Ҳудудсозӣ ва рангпуркунӣ… (Границы и заливка…) – равзанаи ҳамном мекушояд. Он се тугмаи қабатӣ дорад.
| Қабат | Барои чӣ |
|---|---|
| Ҳудуд (Граница) | чорчӯбаи сархатҳои ҷудошуда: навъи ҳудуд, навъи, ранг ва ғафсии хат; натиҷа дар майдони Пешдид намоён мешавад; «Татбиқ ба»: сархат ё матн |
| Саҳифа (Страница) | ҳудуди саҳифаи пурра; майдони иловагии Расм имкон медиҳад ҳудудро бо расмчаҳо оро диҳед |
| Рангпуркунӣ (Заливка) | замини сархат ё саҳифа бо ранг; Нақшу нигор (Узор) – замина бо нақш |
Агар намунаи интихобшуда мувофиқ бошад, ОК-ро пахш кунед.