Имконоти MS Word
Microsoft Word for Windows (MS Word, кӯтоҳтар Word) – протсессори матнии аз ҳама пуриқтидор ва маъруфи навъи WYSIWYG. Он дар муҳити Windows кор мекунад ва ба дастаи барномаҳои MS Office дохил мешавад. Бо он бланкаҳои муассиса, санадҳои хидматӣ, саволнома, ҳисобот, мақола, мактуб месозанд.
Асоси санадсозии Word – системаи қолабҳо ва сабкҳои махсуси форматбандӣ: онҳо шакли яксони санадҳоро таъмин мекунанд.
Word ин корҳоро мекунад:
Формати парванда
Аз рӯйи пешфарз Word санадро дар формати хоссаи дуӣ (.doc ё .docx) нигоҳ медорад. Тафсири матнии он формати RTF (Rich Text Format – формати матнии муфассал) аст: он аз вирусҳои компютерӣ нисбат ба DOC камтар сироят мекунад ва ба виросторони ширкатҳои дигар низ дастрас аст. Версияҳои нави Word санадро дар формати .html ё .htm низ нигоҳ дошта метавонанд.
Чӣ тавр Word-ро кушоем?
- Аз менюи асосии Windows: Оғоз → Ҳамаи барномаҳо → Microsoft Office → Microsoft Word.
- Аз ҷузвдони «Компютер»: ҷузвдони Microsoft Office-ро кушода, барномаи WINWORD-ро иҷро кунед.
- Бо номи ягон парвандаи Word ё миёнбури (ярлик) санад: ба нишона дубора пахш кунед – аввал равзанаи Word, баъд санад кушода мешавад.
Кадоме аз усулҳоро интихоб кардан аз одати корбар вобаста аст.
Равзанаи MS Word
Равзана ҳафт ҷузъи асосӣ дорад: сатри сарлавҳа, сатри меню, тасмаи афзорҳо, хаткашҳои идорӣ, майдони корӣ, тасмаҳои тобдиҳӣ ва лавҳаи ҳолатнамо. Агар баъзеи онҳо дар экрани шумо набошанд, ё равзана каме дигар бошад – мумкин аст; бо афзорҳо шумо онро ба ин шакл меоред.
Сатри сарлавҳа
| Тугма | Вазифа |
|---|---|
| Нишонаи равзана (чап) | корбарӣ бо равзана: барқароркунӣ, ҷойгузини экранӣ, андозагирӣ, ғункунӣ, паҳнкунӣ, пӯшидан |
| Лағв (↶) |