Пешдиди чопи матн
Пас аз он ки матни санад дар шакли матлуб тайёр карда шуд, онро метавон дар коғаз чоп кард. Барои шакли сафҳаҳои чопии санадро дар коғаз тасаввур кардан, дар виростори WordPad афзоре пешбинӣ шудааст, ки онро афзори пешдиди матни санад меноманд.
Барои дастрас кардани ин афзор дар банди Парванда (Файл)-и менюи барнома мушнаморо ба болои зербанди Чоп (Печать) гузоштан зарур аст. Дар натиҷа, дар тарафи рости менюи асосии WordPad зерменюи Пешдид ва чопи санад (Предварительный просмотр и печать документа) намудор мегардад.
Зерменюи Пешдид ва чопи санад аз се банд иборат аст:
- Чоп (Печать) – барои интихоби навъи чопгар, бақайдгирии миқдори нусхаҳои чопии санад, интихоби параметрҳои чопӣ пеш аз чоп ва чопи санади ҷорӣ;
- Чопи фаврӣ (Быстрая печать) – агар санадро бе тағйир додани параметрҳои чопӣ якбора ба чоп равон кардан лозим бошад;
- Пешдид (Предварительный просмотр) – барои азназаргузаронии сафҳаҳои чопии санад пеш аз чоп ва ворид кардани тағйироти зарурӣ.
Пас аз интихоби банди Пешдид тасмаи абзори барнома ба тасмаи Пешдиди чоп табдил меёбад:
| Тугма (дар экран) | Вазифа |
|---|---|
| Чоп (Печать) | кушодани равзанаи «Чоп» |
| Параметрҳои сафҳа (Параметры страницы) | кушодани равзанаи «Параметрҳои сафҳа» |
| Як сафҳа (Одна страница) | дар экран як сафҳа нишон дода мешавад |
| Ду сафҳа (Две страницы) | дар экран ду сафҳа паҳлуи ҳам нишон дода мешаванд |