Идоракунии матн
Матн ба воситаи амалҳои интихоб, ҷудокунӣ, буридан, нусхабардорӣ, ҷойгузин, миёнагузорӣ, ҳазф, ивазкунӣ ва ғайра идора карда мешавад. Ҳамаи ин амалҳоро ҳам бо ёрии муш ва ҳам бо сафҳакалид иҷро кардан мумкин аст.
Барои идоракунии матн курсори матниро ба мавқеи амалиётгузаронӣ дуруст гузоштан лозим аст. Курсорро аз мавқеи ҷорӣ ба мавқеи дигар чунин мекӯчонанд:
- бо ёрии муш: мушнаморо ба мавқеи лозимии матн кӯчонида, тугмаи чапи мушро пахш кардан;
- бо ёрии сафҳакалид: тугмаҳои идоракунии курсорро дуруст истифода бурдан. Самти тугмаҳои тирчадор самти ҳаракати курсорро нишон медиҳад. Миқдори пахши онҳо ба миқдори мавқеъҳои ҳаракати курсор баробар аст:
| Тугма | Амал |
|---|---|
| ← | кӯчонидани курсор ба як мавқеъ, ба самти чап |
| → | кӯчонидани курсор ба як мавқеъ, ба самти рост |
| ↑ | кӯчонидани курсор ба як сатр, ба самти боло |
| ↓ | кӯчонидани курсор ба як сатр, ба самти поён |
| Home | кӯчонидани курсор ба ибтидои сатр |
| End | кӯчонидани курсор ба интиҳои сатр |
| PgUp | кӯчонидани курсор ба андозаи як экран, ба боло (Page Up) |