Форматбандӣ чист?
Форматбандии матн ин тарзи инъикос ва ҷойгиркунии матн дар санад аст. Яъне, амали форматбандии матн танҳо ба тағйирдиҳии намуди зоҳирии санади матнӣ алоқаманд буда, ба мазмуни матни он ягон вобастагӣ надорад.
Масалан, шаклҳои гуногуни навишти калимаи «Тоҷик» чанд тарзи форматбандии калимаи мазкурро таҷассум менамоянд. Тавре мебинем, ҳарфҳои калима иваз нашудаанд, танҳо тарзи навишт ва ранги онҳо тағйир ёфтааст.
Ду навъи форматбандӣ
Ҳангоми корбарӣ бо виросторони матнӣ асосан аз ду навъи форматбандӣ истифода мебаранд: форматбандии аломати алоҳида ва форматбандии абзатс.
| Форматбандии аломат | Форматбандии абзатс |
|---|---|
| интихоби ҳуруф | ҳуруф, андоза ва тарзи зоҳиршавии он (мисли аломат) ва инчунин: |
| андозаи ҳуруф | фосилаи сатри якуми абзатс |
| тарзи зоҳиршавӣ: ғафс, мойил, зерхаткашида | ҳошияҳои сафҳаи чопӣ (болоӣ, поёнӣ, чап, рост) |
| тарзи радифбандии матн: аз чап, аз рост, дар марказ ё мутассил дар сатр | |
| фосилаи байни абзатсҳо ва ғайра |
Пас аз форматбандии матн, санад намуди зарурӣ ва муносибро мегирад.
Блоки «Ҳуруф» (Шрифт)
Барои корбарӣ бо ҳуруф блоки Ҳуруф (Шрифт)-и тасмаи абзори банди Асосӣ-и менюи виростор хизмат мерасонад. Ҳар як ҷузъи ин блок афзори пурқудрати форматбандӣ мебошад.