Сафҳакалид чист
Гарчанде дастгоҳҳои воридкунандаи иттилоот (input devices) ба компютер хеле зиёд бошанд ҳам, сафҳакалид дар байни онҳо мавқеи хоссаро ишғол менамояд.
Ҳар як тугмаи сафҳакалид сарпӯшеро мемонад, ки зери он калиди бениҳоят хурди мембранавӣ ҷойгир шудааст. Микропротсессори махсус, ки дар дохили сафҳакалид васл гардидааст, вазъи ин калидҳоро ба ҳисоб гирифта, пас аз ҳар пахшкунию раҳокунии онҳо ба компютер маълумоти заруриро интиқол медиҳад. Ин маълумот тавассути системаи амалиётӣ коркард шуда, натиҷаи он дар экрани монитор пайдо мешавад.
Миқдори тугмаҳои сафҳакалидҳои стандартӣ 101–104-то шуда метавонад. Тугмаҳо ё барои дохил кардани ягон аломат (ҳарф, рақам, аломати китобат) ва ё барои идоракунии ягон раванди бо воридоти аломатҳо алоқаманд пешбинӣ шудаанд. Гарчанде барномаҳои гуногун вазифаи баъзе тугмаҳоро тағйир дода тавонанд ҳам, дар аксар мавридҳо онҳо амалҳои якхеларо иҷро менамоянд.
Сафҳакалидро афзори ҳамакор (универсалии) ҳуруфчинӣ мегӯянд. Он метавонад дар як лаҳза афзори ҳуруфчинии тоҷикӣ, дар дигар лаҳза – русӣ, англисӣ, хитойӣ, арабӣ ва ғайра бошад.
Тоҷикӣ гардонидани сафҳакалид
Барои тоҷикӣ гардонидани сафҳакалид зарур аст, ки пай дар пай силсиладастурҳои зерин иҷро карда шаванд:
Дар натиҷа, сафҳакалид ба сафҳакалиди тоҷикӣ мубаддал гашта, дар рӯйхати алифбоҳои ҷории лавҳаи масъалаҳо алифбои забони тоҷикӣ (ТОҶ ё ТА) илова мегардад. Барои аз як забон ба забони дигар гузаштан аз рӯйхати алифбоҳои ҷорӣ номи алифбои зарурӣ (РУС, ENG, ТОҶ ва ғайра)-ро интихоб кардан лозим аст.
Шаш ҳарфи хоссаи тоҷикӣ
Шаш ҳарфи хоссаи алифбои забони тоҷикӣ дар тугмаҳои сафҳакалид нисбат ба ҳарфҳои англисӣ/русӣ чунин ҷойгир карда шудаанд:
| Ҳарф | Сарҳарф (бо Shift) | Тугма (англисӣ / русӣ) |
|---|---|---|
| ӣ | Ӣ | m / ь |
| ҷ | Ҷ |