Мафҳумҳои асосии виросторони матнӣ
Мафҳумҳои асосии виросторони матнӣ инҳоянд:
- сафҳаи чопӣ ва интихобҳои (параметрҳои) он;
- абзатс ва нишондодҳои он;
- ҳарфҳо ва нишондодҳои онҳо;
- форматбандии аломатҳо ва абзатсҳо.
Матн аз аломатҳо (ҳарфҳо, рақамҳо, аломатҳои китобат ва фосила), калимаҳо, сатрҳо ва абзатсҳо иборат аст.
Сафҳаи чопӣ
Сафҳаи чопии компютерӣ амсоли варақи коғазе мебошад, ки дар он матни санад чоп карда мешавад. Сафҳа дорои интихобҳои зерин мебошад:
- андозаи сафҳа;
- ҳошияҳои чап, рост, болоӣ ва поёнии сафҳа.
Андозаи сафҳаи чопӣ ба ҳосили зарби андозаи бар ва баландии он баробар аст. Ҳошияҳои чап, рост, болоӣ ва поёнии сафҳаи чопӣ он қисмҳои коғазро ташкил медиҳанд, ки дар онҳо матн чоп карда намешавад. Андозаи ҳошияҳо бо мм ё см чен карда мешавад.
Абзатс ва фосилаи байнисатрӣ
Матни санад аз маҷмуи абзатсҳо иборат буда, худи мафҳуми абзатс бо пахши тугмаи Enter алоқаманд аст.
Фосилаҳои байни сатрҳои абзатсро бо пункт чен мекунанд: 1 пункт ≈ 0,35 мм. Барои муайян кардани фосилаи байни сатрҳои абзатс бештар аз мафҳумҳои 1 фосила, 1,5 фосила ва 2 фосила истифода мебаранд:
| Фосила | Пункт | мм (тақрибан) |
|---|---|---|
| 1 фосила | 6 пункт | ≈ 2,1 мм |
| 1,5 фосила | 9 пункт | ≈ 3,1 мм |
| 2 фосила | 12 пункт | ≈ 4,2 мм |