Виростори матнӣ
Компютерҳои фардӣ аз ҳама бештар барои тайёр намудан ва расонидани санадҳои матнӣ истифода бурда мешаванд. Барномаҳои татбиқиеро, ки барои сохтан, таҳрир ва форматбандӣ кардан, аз назар гузаронидан, дар хотираи компютер сабт кардан ва дастраси дигарон намудани санадҳои матнӣ (мактуб, диктант, иншо, ҳисобот, мақола ва ғайра) пешбинӣ шудаанд, виросторони матнӣ меноманд.
Виросторони матнӣ дар иҷрои амалиёти зерин истифода мешаванд:
- ворид кардани матни санад ба воситаи сафҳакалид;
- истифодаи ҳарфҳои гуногуни андозаашон тағйирёбанда;
- вироиши матни санад;
- форматбандии матни санад;
- истифодаи тасвирҳо дар матни санад;
- ба матни санад ҳамроҳ кардани объектҳои дигар барномаҳои татбиқӣ;
- нигоҳдории матни санад дар диск;
- нусхабардории матни санад ва бо дигар ном сабт кардани он;
- дар коғаз чоп кардани матни санад ва ғайра.
Ба таҳрири матни санад амалҳои ислоҳ кардан, илова намудан, лағв сохтани қисми матн ва дигар амалҳои вобаста ба дигаргунсозии матни мавҷуда дохил мешаванд. Форматбандии матни санад – татбиқи навъҳои гуногуни ҳарфҳо, ҳуруфчинӣ бо андозаву рангҳои гуногун, радифбандии матни пурра ва қисмҳои алоҳидаи он, ҳамроҳкунии объектҳои барномаҳои дигар ва дигар амалҳо мебошад.
Блокнот
Яке аз виросторони матнии одитарин барномаи Блокнот (Notepad – «ноутпад», дафтарчаи ёддошт) ба ҳисоб меравад. Блокнот барномаи стандартии системаи амалиётии MS Windows буда, барои пешдиди парвандаҳои матнии навъи «.txt», сохтани санадҳои начандон калон ва азхудкунии тугмаҳои сафҳакалид пешбинӣ шудааст.
Дохил кардани матн дар Блокнот осон аст: асосан тугмаҳои блоки ҳарфию рақамиро истифода мебаранд. Вақте ки матн ба канори рости равзана мерасад, Enter-ро пахш кардан мумкин аст. Барои ба таври худкор аз сатр ба сатр гузаронидани матн дастури менюи равзана – Формат ► Гузариш аз рӯйи калимаҳо (Формат ► Перенос по словам) истифода мешавад. Мавқеи аломатҳои матн дар сатр бо ёрии курсор – «|» муайян карда мешавад.
Тавассути Блокнот матни санадро танҳо бо ёрии як навъ ҳуруф дохил кардан мумкин аст. Гарнитури ҳуруф, андоза ва тарзи зуҳури он (маъмул, мойил, ғафс ва ғафсу мойил) бо ёрии дастури Формат ► Ҳуруф (Формат ► Шрифт) идора карда мешавад – ва якбора ба тамоми матн татбиқ мешавад. Санади сохташуда бо ёрии дастури Парванда ► Нигаҳдорӣ ҳамчун (Файл ► Сохранить как) дар хотираи компютер ҳифз карда мешавад.
Равзанаи WordPad
Абзор ва имконоти равзанаи виростори матнии таълимиро дар мисоли виростори матнии WordPad («вордпад») дида мебароем. WordPad ҳам замимаи стандартии MS Windows буда, варианти содатари виростори матнии пуриқтидори MS Word ба ҳисоб меравад. Ин виростор низ барои сохтану таҳрир кардани санадҳои матнӣ пешбинӣ шудааст. Пас аз ба кор андохтани WordPad равзанаи он пайдо мешавад; намуди равзанаро дар ҳар вақт тағйир додан мумкин аст.