Компютер – ихтирои бузурги асри XX
Кашфи инқилобии асри XX ихтирои компютер ба ҳисоб меравад. Офариниши он бо олитарин комёбиҳои инсон – кашфи оташ, ихтирои чарх, бунёди механизмҳои буғӣ, азхудкунии қувваи барқ ва истифодаи энергияи ҳастаӣ дар як поя қарор гирифтааст. Агар мошинҳои маъмулӣ имконоти ҷисмонии инсонро васеъ гардонида бошанд, компютер неруи зеҳнии онро баланд бардоштааст.
Компютер ҳам барандаи иттилоот ва ҳам воситаи дастрасӣ ба он аст. Он тавассути хатҳои алоқаи телефонӣ, радиоӣ, нурӣ, кайҳонӣ ва шабакавӣ ба кори дастгоҳи дилхоҳи истеҳсолӣ таъсир расонда метавонад.
Компютер аз қисмҳои ба ҳам алоқаманди техникӣ (сахтафзор – hardware) ва барномавӣ (нармафзор – software) иборат буда, барои иҷрои амалҳои одитарини арифметикӣ, мантиқӣ ва воридоту содироти иттилоот пешбинӣ шудааст. Вазифаи асосии он аз табдил додани иттилоот иборат аст.
Компютер ва майнаи инсон
Тарзи кори компютер бо тарзи кори майнаи сари инсон хеле монанд аст. Дар ҳар ду маврид иттилоот аз берун ворид мегардад ва дар ягон қисми хотира нигоҳ дошта мешавад. Баъди коркард иттилоот дар шакли (мазмуни) нав дубора ба берун интиқол дода мешавад.
Байни майнаи сари инсон ва компютер фарқ ҳам ҳаст. Майнаи сари инсон хосиятҳои биологие дорад, ки мошинҳо надоранд. Муҳимтарин қобилияти майнаи инсон ин аст, ки он масъаларо бо тарзҳои гуногун ҳал карда метавонад. Барои ҳалли компютерии масъала бошад дастурҳои дар шакли махсус тайёркардашуда лозиманд. Компютер як амалро иҷро карда, ба таври худкор ба иҷрои амали дигар шурӯъ мекунад.