Компютер ва саломатӣ
Истифодабарандаи компютер бояд донад, ки аз меъёр зиёд дар назди экрани компютер нишастан ва кор кардан ба саломатии ӯ зарар дорад. Махсусан организми кӯдакон ва хонандагони мактаб ба нурафшониҳои электромагнитии таҷҳизоти электронӣ ҳассос мебошад. Онҳо ба бозиҳои компютерии дӯстдоштаи худ машғул шуда, баъзан намефаҳманд, ки дар назди экран аз меъёр зиёд нишастаанд. Дар натиҷа онҳо аксар вақт аз дарди сар, мондашавии чашмон, хастагии умумӣ ва дарди мушакҳо шикоят мекунанд. Падидаҳои мазкур аз рӯйи надонистани қоидаҳои дурусти истифодаи компютер ва меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ рӯй медиҳанд.
Истеҳсолкунандагон ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки таъсири номусоиди компютер ба саломатии шахс ҳарчӣ камтар бошад. Вале агар реҷаи истифода дуруст риоя карда шавад, корро дар назди компютер на танҳо безарар, балки ҳаловатнок ташкил кардан мумкин аст.
Тамрини чашмон, истеъмоли витаминҳо
Пас аз дуруст ташкил намудани ҷойи кор, барои кам кардани фишорҳои зеҳнӣ ва ҷисмӣ, чунин реҷаро риоя бояд кард: