Таҷҳизоти асосии компютери фардӣ
Компютери фардии IBM PC аз рӯйи ду навъ – рӯйимизӣ ва ҳамроҳ истеҳсол карда мешавад. Компютери рӯйимизӣ аз қисмҳои алоҳида иборат аст ва дар болои миз меистад; дар компютери ҳамроҳ (ноутбук) ҳамаи қисмҳо дар як ҷисм ҷойгиранд ва он бо батарея кор карда метавонад.
Ба таҷҳизоти асосии навъи рӯйимизии ин КФ блоки системавӣ, монитор (экран), сафҳакалид ва муш дохил мешаванд. Алоқамандии ин ҷиҳозҳо дар нақшаи зерин оварда шудааст: