Барандагони иттилоот
Одамон барои нигоҳ доштани иттилоот дар ҳар давру замон аз воситаҳои гуногун истифода бурдаанд. Мувофиқи имконоти техникии замони худ онҳо ба сифати барандаи иттилоот санг, дарахт, девор, пӯст, коғаз, фиттаи навор, дискҳои магнитӣ, нурӣ, лазерӣ, флэшкорт ва дигар воситаҳоро истифода бурдаанд.
Агар осори иттилоот дар шакли ягон аломат ё тасвир дар рӯйи санг, тани дарахт ё коғаз гузошта шуда бошад, он бо ёрии дасти инсон ё ягон афзор (искана, қалам, мӯқалам ва ғайра) иҷро карда шудааст. Чунин осорро бо чашми одӣ дидан мумкин аст. Вале агар ба сифати барандаи иттилоот навори расм, фиттаи магнитӣ ё диски нурӣ истифода шуда бошад, барои нигоҳ доштани иттилоот дастгоҳҳои махсус – табдилгарони техникии иттилоот лозим меоянд. Масалан, барои сабти иттилоот дар навори расм (фотоплёнка) ҳатман дастгоҳи аккосӣ ва дар фиттаи (лентаи) магнитӣ – магнитофон зарур аст. Ин хосияти барандагон механиконӣ ва худкорсозии нигаҳдорӣ ва расонидани иттилоотро имконпазир кардааст.