Таҷҳизоти изофӣ
Ба таҷҳизоти изофии КФ сахтафзорҳои гуногуни воридсозӣ ва содирсозии иттилоот дохил мешаванд. Миқдор, навъ ва сифати ин гуна таҷҳизот ба шакли фаъолият ва имконоти молиявии корбари компютер вобаста аст. Истифодабарандагон бештар дастгоҳҳои чопгар, ҷойстик, сканер, плоттер, диҷитайзер, вебкамера, фотокамераи рақамӣ, системаи акустикӣ ва модемро истифода мебаранд.
Чопгар
Чопгар (printer) таҷҳизотест, ки иттилооти матнӣ ё графикии аз компютер содиршавандаро дар коғаз чоп мекунад. Чопгарҳо ба чор навъ тақсим мешаванд: матритсавӣ, рангпошанда, лазерӣ ва сублиматсионӣ.
Ҷойстик, сканер, плоттер ва диҷитайзер
Ҷойстик (joystick) – таҷҳизотест, ки барои идора кардани бозиҳои компютерӣ (дар осмон, об, хушкӣ) истифода мешавад. Онро манипулятор низ мегӯянд. Ба мисли дигар таҷҳизоти компютерӣ, ҷойстикҳо низ навъҳои гуногун доранд.
Сканер (scanner) – таҷҳизотест, ки бо ёрии нури рӯшноӣ ба таври худкор иттилооти матниву графикиро аз коғаз ба компютер аксбардорӣ мекунад. Компютер бо ёрии барномаҳои махсус аломатҳои матнӣ ва ҷузъҳои расму графикҳои тавассути сканер воридшударо кор карда мебарояд. Сканерҳо дар шаклҳои дастӣ, рӯйимизӣ, планшетӣ, барабанӣ, ранга, сиёҳу сафед ва ғайра истеҳсол карда мешаванд.
Плоттер (plotter) – таҷҳизоти графиксоз буда, барои дар коғаз ва лӯлаҳои полиэтиленӣ содир кардани тасвири расм, навиштаҷот ва графику нақшаҳои компютерӣ хизмат мерасонад. Плоттерҳо дар ду навъ – барабанӣ ва планшетӣ ва дар ду шакл – рангпошанда ва лазерӣ истеҳсол карда мешаванд.
Диҷитайзер (digitizer) низ таҷҳизоти графиксоз аст, вале он барои ба компютер дохил кардани тасвири эҷодшаванда хизмат мерасонад. Хусусияти диҷитайзер дар он аст, ки ҳангоми бо ёрии он кашидани тасвир, координатҳои нуқтаи ҷорӣ ба таври худкор ба компютер ворид мешаванд.
Вебкамера ва фотокамераи рақамӣ
Вебкамера – таҷҳизотест, ки барои дар вақти воқеӣ ба қайд гирифтани тасвир ва ба шабакаи интернет интиқол додани он пешбинӣ шудааст. Аксари вебкамераҳо вазифаи ҳам дастгоҳи расмгирӣ (фотоаппарат) ва ҳам видеокамераро иҷро мекунанд. Аз онҳо дар низоми амниятӣ ва назорати роҳ васеъ истифода мебаранд. Ҳоло қариб ҳамаи ноутбук, нетбук ва планшетҳои муосир вебкамера доранд. Вебкамераҳо имкон медиҳанд, ки бо истифода аз барномаҳои махсус (масалан, Skype) дар масофаҳои хеле дур суҳбати рӯ ба рӯ гузаронида шавад.
Фотокамераи рақамӣ аз дастгоҳи аккосии муқаррарӣ бо он фарқ мекунад, ки тасвир на дар навори аккосӣ (усули химиявӣ), балки дар флэшкорти хотираи он ба қайд гирифта мешавад. Ин имкон медиҳад, ки тасвирҳо ба осонӣ аз фотокамера ба компютер интиқол дода шаванд.