Худро арзёбӣ кунед
Дар охири фасл шумо:
- медонед: таърифи таносубро; узвҳои таносубро (канорӣ ва мобайнӣ); хосияти асосии таносубро;
- метавонед: аз хосияти асосии таносуб ва баробарқувва будани нисбатҳо истифода карда, узви номаълуми таносубро ёбед ва амали худро шарҳ диҳед; таносубро дар масъалаҳои ҳаётӣ истифода баред;
- мефаҳмед: таносуб баробарии ду нисбатро нишон медиҳад ва ин баробарӣ дар ҳолатҳои гуногун кор мекунад (тақсими захираҳо, ҳисоби ҳиссаҳо).
Ҳар як ҳадафи боло барои худатон: + (ба даст овардам), ± (қисман), – (ҳоло не).
Аз куҷо оғоз кунем?
- Агар бисёр ҳадафҳо «–» бошанд, аз машқҳои 5.2 · 1/5, 5.2 · 2/5 оғоз кунед.
- Агар аксарият «+» ё «±» бошанд, машқҳои 5.2 · 3/5, 5.2 · 4/5 ва машқи 1-и ҳамин саҳифаро иҷро кунед.
- Агар ҳамаашро иҷро кардед, ★ машқҳоро ҳал кунед.
Кор дар синф
Машқҳо
Дар синф
1. Барои масъалаҳои зерин таносуб тартиб дода, онҳоро ҳал кунед:
- а) Агар мошин дар 4 соат 120 км роҳро тай карда бошад, он бо ҳамин суръат дар 6 соат чанд км роҳро тай мекунад?
- б) Агар ҳангоми тайёр кардани таом барои 3 нафар 600 г орд лозим бошад, барои 7 нафар чанд грамм орд лозим мешавад?
- в) Гурбаи Парвин ҳар ду рӯз 3 муш ва гурбаи Фарҳод ҳар 10 рӯз 6 мушро меқапад. Оё ин ду гурба дар нисбати якхела мушҳоро меқапанд?
- г) Нархи 5 флешка ба 120 сомонӣ баробар аст. Нархи 12 флешка чанд сомонӣ мешавад?
- ғ) Қатора дар 1 соат 75 км роҳро тай мекунад. Барои тай кардани 450 км қатора чанд соат сарф мекунад?
★ Барои ҳавасмандон
2. Нигора барои навиштани 3 саҳифаи нақли хаттӣ соат сарф кард. Дар ҳамин нисбат барои навиштани 15 саҳифаи нақли хаттӣ вай чанд соат сарф мекунад?