Кунҷи кушод
Дар расми 2 хатти рости AB тасвир ёфта, дар он нуқтаи O қайд шудааст. Нурҳои OA ва OB аз нуқтаи O ибтидо гирифта ҳамдигарро то хатти рост пурра месозанд. Онҳо дар якҷоягӣ кунҷи кушодро ҳосил кардаанд.
Масалан, агар дар сафҳаи соат ақрабакҳои соат ва дақиқаро нишондиҳанда дар як хатти рост ҷойгир шуда, ба самтҳои муқобил равона бошанд, кунҷи кушодро ҳосил мекунанд (расми 1).
Кунҷи рост
Бигузор аз қуллаи кунҷи кушоди AOB нури OP гузаронида шудааст, ки кунҷи додашударо ба ду ҳиссаи баробар ҷудо мекунад. Дар ин маврид ҳар кадоме аз кунҷҳои AOP ва POB кунҷҳои рост номида мешавад (расми 3).
Кунҷи тез ва кунҷи кунд
Дар вақти муқоисаи ду кунҷ агар кунҷи додашуда аз кунҷи рост хурд бошад, онро кунҷи тез меноманд. Ҳангоми муқоиса қуллаҳои кунҷҳоро ба як нуқта оварда, яке аз тарафҳои кунҷи якумро ба яке аз тарафҳои кунҷи рост болоиҳам мегузоранд. Дар чунин маврид метавонем муайян намоем, ки кунҷи додашуда аз кунҷи рост хурд аст ё калон. Агар кунҷи додашуда аз кунҷи рост калон бошад, онро кунҷи кунд меноманд. Дар расми 4 кунҷи рост бо кунҷи тез ва кунҷи кунд муқоиса карда шудааст.
Барои сохтани кунҷи рост аз ҷадвали секунҷашакли мактабӣ (секунҷаи мактабӣ) истифода бурдан ба маврид аст.
Дар экран секунҷаро ба болои кунҷҳо гузоред ва муайян кунед, ки онҳо тез, рост ё кунданд. Дар охир кунҷи рост созед.