Агар ду давра ҳамдигарро буранд, ҳар нуқтаи буриш дар ҳар ду давра ҷойгир аст. Бинобар ин масофаи он то маркази ҳар давра ба радиуси ҳамон давра баробар аст.
Мисоли 3. AB = 7 см. Давраҳои радиусашон 5 см бо марказҳои A ва B дар нуқтаҳои K ва P ҳамдигарро буриданд. Он гоҳ AK = KB = 5 см ва AP = PB = 5 см: нуқтаҳои K ва P аз нуқтаҳои A ва B дар масофаҳои баробар ҷойгиранд.
Дар экран диаметр кашед, баъд № 4 ва № 3-ро бо паргор созед.
Паргори экранӣ: диаметр ва ду даврасанҷида бин!
Кор дар синф
Машқҳо
Дар синф
1. Даврае тасвир намоед, ки радиусаш 3 см бошад. Дарозии диаметри он ба чанд см баробар мешавад? Агар радиуси давра 321 дм бошад чӣ?
2. Дар давра се нуқтаи гуногуни A, B, C қайд шудааст. Ҳамаи камонҳоеро нависед, ки бо воситаи ин се нуқта ҳосил шудаанд. Агар ин се нуқтаро пай дар пай пайваст намоем, кадом шакли геометрӣ ҳосил мешавад?
3. Бо паргор даврае кашед, ки марказаш нуқтаи O буда, радиусаш 3 см бошад. Нуқтаҳои A ва B-ро чунон интихоб кунед, ки AO = OB = AB бошад. Периметри ин секунҷаро ёбед.
4. Порчаи AB-ро тасвир намоед, ки дарозиаш 5 см бошад. Нуқтаҳои A ва B-ро ҳамчун марказ интихоб намуда бо паргор давраҳое кашед, ки радиусҳояшон 3 см бошанд. Нуқтаҳои буриши ин ду давраро бо K ва P ишора мекунем. Нишон диҳед, ки нуқтаҳои K ва P аз нуқтаҳои A ва B дар масофаҳои баробар ҷойгиранд.
Дар хона
5. Қисми рангкардашудаи доираи дар расми 3 тасвирёфта кадом қисми доираро ишғол кардааст?
6. Давраи марказаш нуқтаи O-ро тасвир намоед. Бо хаткашак диаметри AB-ро гузаронед. Дар давра нуқтаи C-ро интихоб намоед, ки аз A ва B фарқ кунад. Нуқтаи C-ро бо нуқтаҳои A ва B пайваст намоед. Дарозиҳои порчаҳои AC ва BC-ро чен карда, нишон диҳед, ки ҳар яке аз онҳо аз дарозии диаметр хурдтар аст.
7. Бо воситаи расми 4 (а) ва (б) фаҳмонед, ки чаро касрҳои зерин бо ҳам баробаранд: 42=84.
9. Дар дафтаратон нуқтаҳои A ва B-ро тавре қайд кунед, ки масофаи байнашон 643 см бошад. Ду даврае кашед, ки маркази яке аз онҳо нуқтаи A буда, радиусаш 541 см ва маркази давраи дигар нуқтаи B буда, радиусаш 443 см-ро ташкил диҳад. Нуқтаҳои буриши ин ду давраро бо ҳарфҳои C ва D ишора кунед. Периметри чоркунҷаи ACBD-ро ёбед.
10. Аз расми 5 истифода бурда, дарозии порчаи AB-ро ёбед ва онро бо камони AB қиёс намоед. Қисми боқимондаи давра кадом ҳиссаи давраро ташкил медиҳад?
11. Дар дафтари ҳисоб порчаи AB-и дарозиаш ба 6 см баробарро кашед. Ду даврае созед, ки марказҳояшон нуқтаҳои A ва B буда, радиусҳояшон ба 4 см баробар бошанд. Нуқтаҳои буриши ин ду давраро бо P ва K ишора мекунем. Периметри чоркунҷаи APBK-ро ёбед.
Барои боҳавасон
12*. Се давраи радиусҳояшон ба 4 см баробар, тавре дар расми 6 (а) омадааст, бо ҳамдигар бурида мешаванд. Дар маркази давраи мобайнӣ (нуқтаи O) ҳар ду давраи канорӣ бо ҳам нуқтаи умумӣ доранд. а) Периметри бисёркунҷаи ABOFA ва ABCOFA-ро (ниг. ба мавзӯи 9.3); б) периметри секунҷаи BOC-ро ёбед.