Кор дар синф
Машқҳо
Барои боҳавасон
1. Кадом каср дар нури ададӣ ба 1 наздиктар аст: касри дурусти ё касри нодурусти
2. ★ Ба сурату махраҷи касри кадом ададро ҷамъ кунем, ки дар натиҷа касри ҳосил шавад?
1 соат
1. Кадом каср дар нури ададӣ ба 1 наздиктар аст: касри дурусти ё касри нодурусти
2. ★ Ба сурату махраҷи касри кадом ададро ҷамъ кунем, ки дар натиҷа касри ҳосил шавад?
3. ★ Аз сурату махраҷи касри кадом ададро тарҳ кунем, ки дар натиҷа касри ҳосил шавад?
Ишора (ба № 2, 3): ададҳои 1, 2, 3, …-ро санҷед ва касри ҳосилшударо бо касри додашуда муқоиса кунед. Касрҳои баробарро дар 8.1 меомӯзем.
4*. Се адади натуралӣ дода шудааст. Агар ҳар яке аз онҳоро ба суммаи умумиашон тақсим карда, натиҷаҳои ҳосилшударо ҷамъ кунем, кадом ададро ҳосил мекунем?
5*. Се мурғ дар се рӯз се тухм монд. Агар онҳо бо ҳамин суръат тухм кардан гиранд, 2 мурғ дар 12 рӯз чанд дона тухм мекунад?
6. Ба ҷойи дар баробарии кадом қиматҳоро гузоштан лозим, то баробарии дуруст ҳосил гардад?
7. Тахтаи квадратшакл ба 25 катаки дуранга ҷудо карда шудааст (5 ба 5, мисли тахтаи шоҳмот). Оё онро ба росткунҷаҳои аз ду катак иборат ҷудо намудан мумкин аст, ки ҳамаи онҳо рангҳои гуногун дошта бошанд?
8. Ададеро аввал 2 маротиба ва пас аз он 3 маротиба хурд карданд. Дар ҷавоб ададе ҳосил шуд, ки аз аввала 35 воҳид хурд аст. Адади аввала чанд аст?
9. Амалҳоро иҷро намоед:
10. Маҳлул 2 ҳисса мис ва 1 ҳисса руҳ дорад. Дар маҳлули массааш 450 г чӣ қадар мис ва чӣ қадар руҳ ҳаст?
11. ★ Суръати ҳаракати заврақ ба муқобили ҷараён 5 км/соат буда, суръати он дар оби ором 7 км/соат аст. Дар кадом муддати вақт ин заврақ масофаи: а) ба 35 км баробарро ба муқобили ҷараён; б) ба 45 км баробарро бо равиши ҷараён тай мекунад?
Ишора: суръати ҷараён км/соат.
12. ★ Муодиларо ҳал кунед:
Ишора:
13. Амалҳоро иҷро намоед:
14. ★ Муодиларо ҳал кунед:
Ишора:
15. б) Ҳамаи касрҳоеро нависед, ки суммаи сурату махраҷашон 5 бошад.
16. ★ Масъаларо бо ёрии муодила ҳал кунед:
Ишора: агар бар бошад, дарозӣ аст; периметр
Ба санҷиши мавзӯъҳои 7.1–7.2 омода шавед: саволҳои қисми «Такрор пеш аз арзёбӣ»-ро дар саҳифаи навбатӣ ҳал кунед.
Хурдтарин адади натуралии -ро ёбед, ки барои он касри касри дуруст аст.
Супориши 14. Кори фардӣ. Ба саволҳои зерин ҷавобҳои худро нависед:
Кӯшиш кунед, ки ба саволи калидии ин фасл ҷавоб диҳед. Аз ғояи калидӣ истифода баред. Дар ин фасл шумо чанд қоидаи нав омӯхтед? Онҳоро такрор кунед:
Ҷавобҳои худро бо омӯзгор ва ё ҳамсинфатон муҳокима кунед.
Супориши 15. Кори фардӣ. Арзёбӣ кунед. Агар ба ҳадаф расида бошед ✓, агар ҳанӯз не ✗ гузоред. Намунаи супоришҳоеро биёред, ки шумо иҷро карда тавонистед ё иҷро карда натавонистед.
☐ Ман медонам, ки касри нодуруст чист.
☐ Ман медонам, ки адади омехта чист.
☐ Ман метавонам адади омехтаро ҳамчун ҳосили ҷамъи адади бутун ва каср ё ҳамчун касри нодуруст, бо истифода аз амалҳои арифметикӣ, диаграммаҳо ва расмҳо ифода кунам.
☐ Ман метавонам амали табдилдиҳии касрҳои нодурустро ба ададҳои омехта ва ададҳои омехтаро ба касрҳои нодуруст тавсиф кунам.
☐ Ман метавонам касрҳои махраҷашон якхеларо ҷамъ ва тарҳ кунам.
☐ Ман мефаҳмам, ки адади бутуни ихтиёрӣ, ҳиссаҳои он ё комбинатсияи онҳоро ҳамчун каср ифода кардан мумкин аст.
☐ Ман мефаҳмам, ки табдилдиҳии касрҳо барои ҳалли масъалаҳои математикӣ ва дар ҳаёти воқеӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Аз омӯзгор ё ҳамсинфатон хоҳиш кунед, ки ба шумо барои расидан ба ҳадафҳое, ки ҳанӯз ба даст наомадаанд, ёрӣ расонанд. Дар кадом самтҳо ба шумо ёрӣ лозим аст?