Хулоса мебарорем
Супориши 9. Кори дунафара. Бо ҳамсинфи худ муҳокима кунед ва хулоса бароред: аз рӯйи кадом қоида касре, ки як бутунро ифода мекунад, навишта мешавад? Кӯшиш кунед, ки аз истилоҳоти математикӣ, ба монанди «сурат», «махраҷ» ва «шумораи умумии ҳиссаҳо» истифода баред.
Супориши 10. Кори дунафара. Касре, ки 2 бутунро ифода мекунад, бо кадом қоида навишта мешавад?
Супориши 11. Кори дунафара. Касре, ки ҳар миқдори бутунҳоро ифода мекунад, бо кадом қоида навишта мешавад?
Супориши 12. Кори фардӣ. Як, ду ва се торти бутун ҳар кадом ба шаш ҳисса бурида ҷудо шудааст. Ҳар кадомро ҳамчун каср нависед. Оё 3 торти бутун барои 20 меҳмон мерасад, агар ҳар яки он ба шаш ҳисса бурида ҷудо карда шавад? Оё қоидаҳои шумо натиҷаи дуруст доданд?
Супориши 13. Кори фардӣ. Хулоса кунед:
Акнун ба саволи калидӣ ҷавоб диҳед: «Чӣ тавр бутунро ҳамчун ҳосили ҷамъи ҳиссаҳои он тасвир кардан мумкин аст?»
Хати каср — аломати тақсим
Навишти амали тақсим дар шакли ду нуқта «:» ва хатча «–» як маъно дорад. Масалан,