Кӯшиш мекунем
Супориши 1. Кори гурӯҳӣ. Дар се доираи дафтар буриши худро кашед. Пас аз анҷоми кор ба саволҳо ҷавоб гардонед:
- Оё ҳамаи тортҳо ба миқдори баробар ва якхелаи ҳиссаҳо бурида шудаанд? Агар «не», баргардед ва аз нав буред. Агар «ҳа», ба саволҳои боқимонда ҷавоб диҳед.
- Шумо ҳар як тортро ба чанд ҳисса ҷудо кардед?
- Андозаи ҳар як ҳисса чанд аст (аз каср истифода баред)?
- Оё пас аз он ки ба ҳар як меҳмон як ҳисса торт додед, боз ҳиссае боқӣ мемонад?
- Агар ҳа, пас чандто?
- Супориши 2. Кори фардӣ. Агар ҳар тортро ба 3 ҳисса буред, як пора кадом ҳиссаи торт аст?
- Супориши 3. Кори гурӯҳӣ. Се пораи торти ба 3 ҳисса буридашуда — ин чӣ қадар торт аст?
- Супориши 4. Кори фардӣ. Ду тортро ҳар кадомашро ба 6 ҳисса буриданд. Ҳамагӣ чанд пора шуд? Бо каср нависед.
- Супориши 5. Кори гурӯҳӣ. Саволи калидии ин фаслро тартиб диҳед.
Ҷавобҳоро дар дафтар нависед. Баъд саволи калидиро пурра кунед: «Дар ин фасл мо мефаҳмем, ки чӣ тавр …».
Мушоҳида мекунем
Супориши 6. Кори дунафара. Мисоли 1. Фарз мекунем, ки духтарон тортро ба се ҳиссаи баробар бурида ҷудо кардаанд. Чӣ тавр шумо 1 ҳиссаро аз 3 ҳисса дар шакли каср нишон медиҳед? 2 ҳиссаро аз 3 ҳисса-чӣ? 3 ҳиссаро аз 3 ҳисса-чӣ?
Супориши 7. Кори дунафара. Биёед, ҳисоб мекунем, ки чанд меҳмон метавонад як ҳисса торт дошта бошад, агар ҳар се торт ин тавр бурида шаванд.
- Дар 2 торти бутун чанд ҳисса ҳаст?
- Чӣ тавр шумо 2 торти бутунро дар шакли каср нишон дода метавонед?
Супориши 8. Кори дунафара. Дар 3 торти бутун чанд ҳисса аст? Чӣ тавр 3 торти бутунро дар шакли каср нишон дода метавонед? Агар ҳар як тортро ба се ҳиссаи баробар бурида ҷудо кунем, оё онҳо ба 20 меҳмон мерасанд?
Акнун худатон тортҳоро буред ва ададҳои бутунро ҳамчун каср нависед.