Хулоса мебарорем
Супориши 9. Кори дунафара. Мисолеро меорем, ки дар он барои ёфтани шумораи чалпакҳо ҳам сурат ва ҳам махраҷро истифода бурдан лозим аст. Дилором аз бибиаш ҳиссаи 10 дона чалпакро хоҳиш кард. Чӣ тавр ҳиссаи адади 10-ро пайдо кардан мумкин аст?
Адади 10 ба 5 ҳиссаи баробар — дар ҳар як ҳисса 2. Аз 5 ҳисса 2-торо гирем — 4 мешавад. ҳиссаи 10 ба 4 баробар аст: Дилором 4 чалпак хоҳиш кардааст.