Супориши 6. Кори дунафара. Биёед, ба духтарон ёрӣ медиҳем, то ки онҳо бештари чалпакҳоро гиранд. Касрҳоро бо роҳҳои гуногун иваз мекунем ва мебинем, ки чӣ ҳосил мешавад.
Дар аввал мебинем, ки агар чалпакҳоро ба миқдори дигари ҳиссаҳо тақсим кунем (махраҷ), чӣ мешавад. Агар Дилором 101 ҳисса чалпак ва Наргис 5 ҳисса чалпак пурсад, кӣ зиёдтар чалпак мегирад? Дар дафтар диаграммаҳо кашед: барои нишон додани чалпакҳо хатчаҳо, нуқтаҳо ё доирачаҳоро истифода баред ва онҳоро ба миқдори ҳиссаҳои додашуда ҷудо кунед.