Браузери Opera
Opera – дастоварди барномасозони Норвегия. Соли 1994 ду барномасози ширкати телекоммуникатсионии Telenor мақсад гузоштанд, ки барои намоиши абарматнҳо барномаи сифатан нав созанд. Он бояд барои тамоми компютерҳо, новобаста аз таҷҳизот ва системаи амалиёт, қобили қабул мебуд. Дар ҳангоми барномарезӣ ба чор масъала аҳамияти аввалиндараҷа дода шуд:
- зуд ба кор омода шудани барнома;
- ҳаҷми хурд;
- кушодани сомонаҳо бо суръати баланд;
- талаботи камтарин ба захираҳои компютер.
Соли 1995 созандагон ширкати нав – Opera Software-ро ташкил карданд ва нусхаи дигари барномаро сохтанд. То имрӯз Opera яке аз браузерҳои зудсуръат боқӣ мондааст.
Имкониятҳои Opera (аз рӯйи тавсифи он):
- реҷаи бисёрсафҳагӣ – дар як равзана кушодани сомонаҳои гуногун (варақаҳо);
- ҷустуҷӯи иттилоот дар Интернет;
- реҷаи гузариши байни пайвандҳо ва кор бо гурӯҳи пайвандҳо;
- менеҷери рамзҳо – рамзҳои дастрасӣ ба сомонаҳоро дар хотир нигоҳ медорад;
- тугмаҳои қабатӣ (варақаҳо) бо имкониятҳои зиёд;
- гузариш аз як реҷаи корӣ ба дигар;
- воситаҳои махсуси амниятӣ;
- дастрасӣ ба почтаи электронӣ.
Бо имкониятҳои Opera корбар бо истифода аз реҷаҳои гуногуни корӣ якбора бо шумораи зиёди сомонаҳо кор мебарад, равзанаро бо тугмаҳои менюи он танзим карда, ба сабки кори худ мувофиқ мекунад.
Лавҳаи экспресс – саҳифае, ки дар он сомонаҳои дӯстдошта дар шакли тайлҳо ҷойгир мешаванд: дар сеансҳои оянда онҳоро бо як пахш мекушоед.
Браузери Mozilla Firefox
Mozilla Firefox ба зудӣ сохта шуда бошад ҳам, аз рӯйи имкониятҳояш хеле ояндадор буд. Он дар асоси рамзҳои барномавии озодасоси кушода сохта шудааст ва ройгон паҳн мешавад. Корбарон барои он ҷузъҳои иловагии гуногун (васеъшавиҳо) тайёр кардаанд ва аз шабака паҳн мекунанд. Бинобар ин Firefox-и ду компютери ҳамсоя метавонад аз ҳам комилан фарқ кунад: ҳар корбар муҳити браузерашро ба табъи худ танзим мекунад.
Мисли Opera, Firefox низ бисёрсафҳагист: дар як равзана якчанд сомона дар варақаҳо кушода мешавад. Он баъд аз насб дарҳол сомонаҳоро мекушояд ва дар хотираи компютер ҷойи зиёдро банд намекунад (дар замони худ барои насб ҳамагӣ 5 Мб лозим буд). Васеъшавиҳои он аз браузерҳои дигар бисёртаранд.
Дар як компютер метавонад якчанд браузер насб шуда бошад: ҳар яке барномаи алоҳида аст.
Муқоисаи равзанаҳо
Дар ду услуб ҷузъҳоро ёбед ва супоришҳоро иҷро кунед.