WWW ихтисораи калимаҳои англисии World Wide Web аст – торнигори анкабути ҷаҳонӣ. Онро бо тарзҳои «се даблю», «даблюи секарата» ё «даблю-даблю-даблю» мехонанд. WWW – низоми дастрасӣ ба додаҳои дар Интернет нигоҳдошташуда аст.
Дар серверҳои Интернет анбӯҳи парвандаҳо нигоҳ дошта мешавад, ки ҳамарӯза зиёд мешавад. Мазмуни онҳоро вебсанад мегӯянд. Аммо ҷузъи асосии торнигори анкабутро вебсафҳаҳо ташкил медиҳанд; онҳоро бо забони махсуси нишонагузории матнҳо – HTML месозанд.
Абарматн
Абарматн имкон медиҳад, ки бо қисмҳои гуногуни як санад ё бо санадҳои дигар робита барқарор шавад. Чунин пайвандҳо муҳити абарматниро ба вуҷуд меоранд.
Префикси веб (web) пеш аз калимаҳои санад, саҳифа, матн, пайванд, сервер нишон медиҳад, ки онҳо ба WWW тааллуқ доранд: вебсанад, вебсафҳа, вебпайванд, вебсервер.
Чӣ тавр корбар саҳифа мегирад
Системаи WWW аз шумораи бениҳояти барнома-серверҳо иборат аст, ки ҳамаи компютерҳои Интернетро ба ҳам мепайванданд; иттилооти серверҳо дар маҷмӯъ пойгоҳи ягонаи додаҳои абарматниро ташкил медиҳад. Корбар ба вебсафҳаҳо бо ёрии вебсерверҳо дастрасӣ пайдо мекунад ва бо онҳо тавассути браузер (барномаи намоиши графикӣ) кор мекунад.
Корбар браузер-ро истифода мебарад. Барои гирифтани иттилоот аз сомона, ӯ бояд ба суроғаи сервери он муроҷиат кунад. Агар суроға маълум набошад, дар майдони ҷустуҷӯ калима ё ибора менависад – браузер ба серверҳо муроҷиат карда, пас аз лаҳзае рӯйхати захираҳои ёфташуда-ро нишон медиҳад. Бо пахши яке аз онҳо санад мекушояд. Дар якчанд сония корбар ба сервери WWW, ки дар канори дигари олам аст, пайваст мешавад.
Се стандарти WWW
Технологияи WWW бар асоси се стандарти (протоколи) муҳим пойбарҷост:
- URL (Universal ё Uniform Resource Locator – суроғаи универсалии захира) тарзи стандартии ҷоймуайянкуниро барои додаҳои дастрас таъмин мекунад.
- HTTP (Hyper Text Transfer Protocol – протоколи интиқоли абарматнҳо) қоидаҳои дастрасӣ ба иттилоот ва интиқоли абарматнҳоро дар шабака ҷорӣ мекунад.
- HTML (Hyper-Text Markup Language – забони нишонагузори абарматнҳо) имкони сохтани санадҳои матниро медиҳад, ки дар онҳо пайвандсозӣ ба дигар додаҳо амалӣ мешавад. Агар пайванд ба санади HTML ишора кунад, он тавассути HTTP дастрас мешавад.
Таҳлили суроғаҳо
Суроғаро ба қисмҳо ҷудо кунед ва қисми хостаро пахш кунед.