Ҳар як нуқтаи (компютери) Интернет суроғаи хусусии худро дорад. Қоидаҳои суроғасозӣ дар тамоми олам якхела аст. Ду тарзи суроғасозӣ қабул шудааст:
- рақамӣ – номи хусусӣ (IP-суроға);
- аломатӣ – номи доменӣ (суроғаи аломатӣ).
IP-суроға
IP-суроға ё номи хусусии компютерро провайдер муайян мекунад. Провайдер – муассисаест, ки хизматрасонии Интернетро дар маҳалҳо таъмин менамояд.
IP-суроға аз чор блоки рақамӣ иборат аст ва дар охири ҳар блок нуқта мегузоранд. Масалан: 192.168.5.199.
Рақамҳои ҳар блок қимати худро аз фосилаи 0 то 255 қабул мекунанд. Барои навишти IP-суроға 4 байт (32 бит) ҷудо мешавад.
Рақамҳоро ба хотир гирифтан душвор аст, бинобар ин одатан ба ҷои IP-суроғаҳо номҳои доменӣ истифода мебаранд.
Номи доменӣ
Номҳои домении компютерҳо аз рӯйи маҳалли ҷуғрофӣ ва соҳаи мавзӯӣ ҷудо мешаванд. Номи доменро аз рост ба чап мехонанд.
| Домен | Маъно |
|---|---|
| .tj | Тоҷикистон (ҷуғрофӣ) |
| .uz | Ӯзбекистон (ҷуғрофӣ) |
| .ru | Русия (ҷуғрофӣ) |
| .edu | муассисаи таълимӣ (мавзӯӣ) |
| .org | ташкилот (мавзӯӣ) |
| .com |